Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
ФАСЛИ ДАХУМ.
ДАР БАЁНИ УМРҲОИ ДАВОҲОИ МУФРАД (СОДДА)
Давоҳои содда аз се ҷинс берун нестанд: ё маъданӣ мебошанд ё наботоӣ ва ё ҳайвонӣ. Пас умрҳои давоҳои маъданӣ гуногун мешавад. Умрҳои ҳар як синфи онҳо вобаста ба пайдоиш, мустаҳкамӣ, андозаи пуррагии таркиб, зичии қисмҳои таркиб ва суст будани ҷавҳарҳо, инчунин ба надоштани ин гуна хислатҳояшон аст, монандӣ: тилло, сангӣ алмос, ёқут, зумуррад ва монанди инҳо аз ҷавоҳирот, ки муддати дароз бақои худро нигоҳ медоранд, вайрон намегарданд. Аммо нуқра ва маъданӣёт (ҷавоҳирот)-е, ки таркибашон нокис бошад, монандӣ: мис, оҳан, сурб (кӯрғошим) ва ғайраҳо бисёр боқӣ намемонанд ва ба зудӣ вайрон ва бекора мегарданд, хусусан агар як муддат дар об нигоҳ доранд ва дар хок дафн кунанд, аз кор мебароранд. Аммо зангор, ки қувваташ дар муддати як сол кам мегардад ва рафта-рафта бекора мешавад; қуввати сафедоб то шаш сол боқӣ мемонад; қуввати мурдорсанг солҳои бисёр боқӣ мемонад, инчунин иқлимӣё, марқашишо ва тӯтнӯ ҳам умри дароз доранд. Аммо заҳрмӯҳраи хитой, подзаҳри қандаҳорӣ ва навъҳои хушранг, хушбӯй ва суфтаи онро умр муддати дароз боқӣ мемонад. Вале муддати бақои умри лӯълӯъ (марвориди калондона) аз заҳрмӯҳра камтар аст. Муддати бақои умр ва қуввати гилҳои хушбӯй монандӣ: гили доғистонӣ, гили махтум ва он чӣ ба ин ҳар ду монанд бошад, аз лӯълӯъ камтар аст.
Ҳамаи санг ва гилҳои шифобахшро чун бисоянд ва муддате ҳамон тавр бигузоранд, қуввати онҳо заиф ва бекора мегардад ва рафта-рафта мисли санг ва гилҳои дигар мегарданд дар хислат ва мартабаҳои худ. Гил ва ғайра модом, ки бӯяшон боқӣ бошад, қувваташон ҳаст.
Ҳамаи давоҳои аз растаниҳо гирифташаванда, аз қабили: шилмҳо, усораҳо, гулҳо ё ширҳояшон, ё равған, ё баргҳо, ё дона ва тухмҳо, ё шохҳо ва решаҳо, ё ришҳо, пӯстлох ва монанди инҳо мебошанд. Пас, шилмҳо, ки муддати бақои қувваташонро то се сол нигоҳ медоранд, вале усораҳо аз инҳо камтар бақо доранд. Аммо гул ва шукуфаҳо, инчунин баргҳо, ки бақои қуввати онҳо бо хосияти худ аз як то ду сол пойдор

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё