Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

низ мегӯянд ва аз шиками модарашон ситонида шуда, шох, суми яклухта, суми дутоҳа, саргин, писк ва хунашон ҳар як тарзи ба худ хосро моликанд. Аз инҳо чарбиро, ки намак хӯронанд, қувваташ то як сол боқӣ мемонад, аммо барои марҳамҳо истифода бурдан ва ба давоҳои мураккаб дохил кардан намешояд. Вақте заҳраи ҳайвон бошад, муддати бақои қувват бештар аз чарбӣ мебошад. Агар инро хуб хушк кунанд ва аз даромадани ҳаво ва гард ба ҳалтачаи он неку муҳофазат намоянд, қувваташ солҳо боқӣ мемонад. Ё ки панирмоя, ки инро ширдон низ меноманд, қувваташ аз як то ду сол боқӣ мемонад. Ё ки шоҳи ҳайвонот ва суми хару асп, инчунин ноҳуни онҳо қуввати худро солҳо нигоҳ медоранд. Саргин, писк ва хуни ҳайвонот монанд: саргини саг, кафтор, хар, буз ва сусмор, инчунин хуни онҳо то як сол қуввати худро нигоҳ медоранд. Аммо қуввати хояи сағобӣ то даҳ сол боқӣ мемонад.

ФАСЛИ ЁЗДАҲУМ.

ДАР БАЁНИ РАСИДАН (ДОЛИҒ ШУДАН)
ВА МУДДАТИ УМРҲОИ ДАВОҲОИ МУРАККАБ

Баъзе давоҳои мураккаб кайфияти мизоҷи худро дар муддати муайян ба камол мерасонанд. Масалан:
таръёки форуқ, яъне таръёки афъиро баъди шаш солӣ сохта шудан аз соли ҳафтум истеъмол метавон кард.
Вале баъзе ҳакимони мутааххирин истеъмоли онро баъди шаш моҳи тартиб додан ҷоиз донистаанд. Аммо давоҳои мураккаби дигар аз рӯи гуногуниашон ба чор табақа ҷудо мешаванд. Табақаи якум, маъҷунҳои азиманд, ки дар мартабаи таръёки форуқанд ва муддати расидани онҳо шаш моҳ мебошад ва дар моҳи шашум ва ҳафтум истеъмолаш мумкин аст, монандӣ: асоносиёни кабир ва сағир, иёриҷоти кабир ва сағири содда, бодмӯҳра, биришаъшо ва баришҳои дигар, яъне пошиданиҳои дигар; таръёк-ут-тин, шиёваритуси асғар ва акбар, дахмарисо, ки дар он марворид дохил карда намешавад. Дар амрҳарон, шалишо, фарьёдрас, кифторъони хурдӣ ва калон, маъҷуни анбар, маъҷуни Қубод-ул-малик, маъҷуни гӯгирд, маъҷуни хурмус ва арастун, афлунӣеи форсӣ ба қавли муаллифи «Комилуссиноат»

пешина
аз 702
навбатӣ