Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
ва хуллас, ҳар як таркибе, ки дар он афъюн бошад, ба гурӯҳи инҳо дохиланд, инчунин муаллифи «Кифоя» тарьёки чоргона, даҳмарсо бо лӯълӯъ (марвориди калондона); курсҳои кавкаб, даво-ул-куркуми кабир ва сағир, инчунин даво-ул-малики кабир ва сағирро аз табақаи аввали ҳисобидаанд. Дар «Кунош»-и Юҳанно бинни Саробиюн ин мураккаботро аз табақаи саввумин шумурдаанд.
Табақаи дуввум мураккаботе мебошанд, ки ниҳоят муддати расидани онҳо се моҳ мебошанд, монандӣ: маъҷуни қайсар, маъҷуни астамҳикун; курсҳои луқ, пиёзи ансул ва дигар маъҷунҳои миёнаҳоли пешоброн ва монандӣ инҳо.
Табақаи саввум мураккаботе мебошанд, ки муддати расидани онҳо ду моҳ аст, монанди: амрусиё, тарьёки урза, даво-ул-мишки ширин ва талх, панҷнӯш, маъҷуни фароштурук ва монандӣ инҳо.
Табақаи чорум мураккаботе мебошанд, ки дар рӯзи аввал ва дуввуми тартиб дода шуданашон истеъмол карда мешаванд, монанди: ҳабҳо, равғанҳо, каф зада хӯрданиҳо ва пошиданиҳо, нӯшиданиҳо, сурмаворӣ, шнёфҳо, фатилаҳо, марҳамҳо ва монанди инҳо.
Ё ки муддати умрҳои давоҳои мураккаб аз рӯи мартабаҳои худ ба чор табақа тақсим мегарданд. Аммо тарёки форуқ то сӣ сол қавӣ мебошад ва баъд аз он заиф мегардад. Табақаи якум мураккаботе мебошанд, ки муддати умри онҳо аз панҷ то даҳ сол мебошад ва баъд аз он заиф мегардад, монанди: масрудитус, нӯричи луғозиё, нӯриҷи Аркағонис, нӯриҷи Чолинус, афлуннён форсӣ ва румӣ, баришаъҳо, баришҳои дигар ва монанди инҳо. Табақаи дуввум, давоҳои мураккабе мебошанд, ки муддати умр ва бақои қуввати онҳо аз се то чор сол мебошад, монанди: амрусиё, арастун, анкардиё, нӯричҳо, тарёки гил, тарёки пӯсти чормағз, даромахрон, даво-ул-малик, даво-ул-куркум, санҷарниё, савтиро, маъҷуни астамҳикун, маъҷуни анбар, маъҷуни қайсар ва монанди инҳо. Табақае саввум, давоҳои мураккабанд, ки муддати умр ва бақои қуввати онҳо то ду сол аст, монанди: шаробҳо, итрифалҳо, гуворишот; аз курсҳо: курсӣ кавкаб, курсӣ пиёзи ансул; килкилонаҷ, руббҳо, маъҷунҳои кӯчак. Вале ба қавли Чолинус рубб ва шароби биҳӣ — модом, ки таъм ва бӯи онҳо боқӣ бошанд ва худаш вайрон нагашта бошад, то ҳафт сол қувваташ боқӣ мемонад. Табақаи

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё