Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ТаърихИлмТиб
Аз аввал хондан

чорум, давоҳои мураккабе ҳастанд, ки қуввати сиҳо аз ду то шаш моҳ ва ниҳоят то як сол боқӣ мемонад, монандӣ: ҳабҳо, равғанҳо, пошиданиҳо, қафзада хӯрданиҳо, гузошта бастаниҳо ва марҳамҳо. Аммо қафзада хӯрданиҳои муклиёсо, аз тухми анор тайёр карда шуда ва мисли онҳо, ки оби гарм ё оби хунук дохил намоянд — аз вақти сохта шудаданаш то даҳ моҳ қуввати худро нигоҳ медоранд. Вале сурмаворӣ, шиёфҳо, пас, бақои қуввати инҳо назар ба давоҳои пошиданӣ зиёдтар боқӣ мемонад, хусусан, бослиқун ва монандӣ инҳо.
Бояд дар ин ҷо таъкид кунем, ки ҳарчанд давоҳо сара бошанд ва аз гармию хушкии бисёр, аз тариву сардӣ ва аз дигар офатҳо эҳтиёт кунанд, умрашон дароз мегардад, монандӣ: асал ё қанд, ё набот, ё он чӣ бо инҳо сиришта шаванд, тоза (нав) ва беҳтар бошанд, бобақотар мегарданд. Ва агар таркибкунанда ва пазандаи ин давоҳо каси доно ва аз хислатҳои онҳо воқиф бошад, умрашонро дароз мегардонад.

ФАСЛИ ДУВОЗДАҲУМ.

ДАР БАЁНИ САБАБИ ИХТИЛОФНОК БУДАНИ КАВЛИ
ТАБИБОН ДАР МОҲИЯТ ВА ХУСУСИЯТИ ДАВОҲО

Махфӣ намонад, ки чун аксари давоҳо бинобар дар
мавзеъҳои гуногун, чор фасли сол, хушкӣ, тару тозагӣ, кӯҳнагӣ, хомӣ, камоли расидагӣ ва монандӣ инҳо
гуногунсурат ва гуногунмоҳият мегарданд. Масалан,
шахсе як даворо дар ҷойҳои пастизамин, ё дар мавсими
пастӣ, ё ҳангоми навӣ, ё дар вақти хушк буданаш ва
ё дар вақти хомию норасидагиаш, ва ё дар ҳангоми
пухтагию расидагиаш ва ғайра мушоҳада намояд, инчунин аз рӯи фаҳми худ баёни шакл, ранг, таъм, бӯй
ва ғайраро аз он дарк мекунад; вале шахси дигар дар
ғайри он вақтҳо ва аҳволи номбурда онҳоро мулоҳаза менамояду баёни хосиятҳои онро ба таври худ шарҳ
медиҳад. Пас, аҳволи номбурда ҳар як даво албатта
мухолифи якдигар мешаванд. Инак, ба донистани ҳамаи ин хислатҳо ва мартабаҳо як шахс қодир нест. Аз
ин рӯ ҳар як шахс хосият, нафъ ва зарари онро мувофиқи биниши худ зикр менамояд. Маълум аст, ки ин
чизҳои номбаршуда бегуфтугӯ ва қатъӣ намебошанд,
балки инчунин меъёри тағйирот ва ихтилофоти мизоҷ

пешина
аз 702
навбатӣ