Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ТибТаърихИлм
Аз аввал хондан

дили наҳор ҳаммом кардан ва дар ҳангоми ҳаммом кардан хӯрок хӯрдан худдорӣ бояд кард. Вале баъзе таомҳоеро, ки хислати нописанди дуввумро ислоҳ мекунанд, якҷо хӯрдан зарар надорад.

Муаллифи ин китоб дар зарфи ҳафт сол се ҳодисаи мудҳишро мушоҳада кардам: 1. Духтари соҳиби маълумоти олӣ дар беморхона будааст, бисёр изтироб кардааст ва бетоқат будааст. Рафиқам раиси суди ноҳияи Айнӣ Аъзам Одинаев аз ман илтимос кард, ки он беморро ман як бор бинам. Дар беморхона ба амали духтурон мудохила кардани кирдори номарғуб шуморидам ва ин хоҳиши рафиқи деринаамро рад намудам. Вале ӯ бисёр ва сахт илтимос кард, ҳатто ба зорӣ даромад. Ночор ғайрирасмӣ рафта набзи беморро дидаму аз ҳуҷра берун шуда, ба Аъзам гуфтам, ки беморро ба хонааш баранд, зеро наҷотпазир нест — ҷигараш аз кор монда буд. Баъд рафиқам иқрор шуд, ки ӯ кори сахт карда, ташна монда, аз яхдон оби хунук гирифта нӯшидааст. 2. Ҳамдеҳаи худам, ҷои зисташ шаҳри Қӯрғонтеппа Қӯшмат ном шахс кӯҳгардӣ карда, ташнагӣ ғалаба намояд, аз чашмаи хунук то шикастани ташнагиаш ба як дафъа об нӯшидааст. Илтимос карданд, ки ӯро рафта бинам. Вале ман аз рафтан ба ин роҳи дур қатъиян даст кашидам. Аммо хешовандонаш дар мошини сабук ӯро наздам оварданд. Ночор қабул кардам ва инро ҳам ба набзаш ангушт ниҳода санҷидам ва набз шоҳиди он буд, ки марг наздик аст. Ин ҷо беморро дилдорӣ кардам, ки ӯ намемирад. Вале рӯзи дигар ба қасабаи Ленин рафта, ҷиянашро огоҳ намудам, ки ҷигари Қӯшмат аз шиддати варам кафидагӣ ва ӯ одам намешавад. 3. Аз студияи телевизиони Душанбе ходиме наздам омада, нақл кард, ки падараш бемор аст, дар беморхонаҳо низ бисёр хобид, ба табибони гуногун рафт, вале аз тадбирҳои онон ҳеҷ беҳ нашуд. Инак, аз ман илтимос кард, ки ман падарашро қабул кунам. Азбаски ин ходим бисёр тавалло кард, ман розӣ шудам, ки падарашро аз Панҷакент даъват намояд, майлаш, мебинам, гуфтам. Набзи ин шахс ҳам наздикии маргро шоҳид буд. Баъд ба ӯ гуфтам, ки дилу ҷигар ва меъдаро хунук гирифтааст, чӣ хӯрдед? Ӯ низ иқрор гашт, ки аз яхдон оби хунук гирифта, то сероб шудан ба як дафъа нӯшидааст. Барои тасаллои хотираш давоеро, ки агарчӣ нодир буд, додаму илова кардам: —

пешина
аз 702
навбатӣ