Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
Зудтар ба ватан баргардед. Баъд аз 8—10 рӯз писараш аз Панҷакент бо воситаи телефон хабар дод, ки падараш аз олам гузаштанд.
Вафоти ин се мард дар ман суолеро ба амал овард, ки кадом ҷараён содир мешуда бошад, ки бӯҳрони беморӣ ба марг мекашад? Баъд як тарбузро чор тақсим кардаму ҳар якеро алоҳида дар халтачаи селофан печонида, се рӯз дар хунукдон гузоштам, ки ба ҳадде хунук шаванд. Бегоҳии рӯзи чорум яктои онро хӯрдам ва аз ҳар ду ҷониб тирезаҳои хонаро кушода хобидам, то ки хунук ба ман сахттар таъсир расонад. Инак, ҳар рӯз як қисм ва чор қисми тарбузро ҳамин тавр хӯрдам. Баъд аз дафъаи чорум ҳолам дигар гашт: ҳатто хамида натавонистам, варами сарди ҷигари худро эҳсос намудам.
Маълум шуд, меъда чизи аз ҳад берун хунукро, хусусан чизҳои обинаро, дар худ нигоҳ намедораду зуд ба ҷигар мефиристанад. Ҷигар ҷои аз худ хориҷ кардан надорад. Баъд лоилоҷ ин чизи хунук дар ҷигар монда, онро хунук мегардонад ва вай варам мекунад. Пас, агар инро дар вақташ илоҷ накунанд, ночор ба марг мерасонад. Сонӣ ман ҳар рӯз се маҳал донаи биринҷ барин аз қивоми ҷадвор, як қошуқи чойи кӯфтаи решаи оқирқирҳо ва ба хӯрдани асал мудовамат намуда, аз ин офат халос ёфтам.
ФАСЛИ ПОНЗДАХУМ.
ДАР БАЁНИ СӮХТАН, ТАҲМИС, ТАШВИЯ, ҚАЛЬЯ, ТАДБИР (ПАРВАРДА КАРДАН), ШУСТАН ВА ИҲКОМИ (УСТУВОР КАРДАНИ) ДАВОҲО
Сӯхтани давоҳо ва эҳтиёҷ ва он барои чанд фоида мебошад: ё барои дигар ва мувофиқи муддао сохтани табиати (мизоҷи) он, ё барои кам кардани қувват ва шикастани тундии он аст. Масалан: зоки сафед, зоки зард ва марҷон хусусан барои давоҳои чашм; ё барои зиёд кардани қувват, басуръат гардонидани нуфуз ва табдил додани мизоҷи онҳо ба мизоҷи дигар, масалан: оҳаксанг, марҷон, садаф, барги турб, тамоку ва монандӣ инҳо; аз намакҳои сунъӣ ва хокистарҳо, инчунин ҷавҳари давоҳо, масалан: ҷавҳари ҳосилубон (шилмест) ва ғайраҳоро; ё аз барои сабук гардонидани ҷавхари

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё