Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
соидашаванда мебошад. Инак, ҳар ҷисми сахтеро, ки қобили соидан набуда, вале баъд аз сӯхтан сонданбоб гардад, онро мукаллас мемонанд, яъне онро, ки баъди сӯхтан хокистар гардад, ҳамин тавр мемонанд. Баъзе ашъё дар ҳолати носӯхта будан истеъмолаш ҷоиз нест, масалан: абрешим (пилла), сурма, самари мӯрд, сурб (кӯрғошим), зар (тилло), ҳарҷанг, талк (талк, ки санги абрак низ мемонанд), каждум, уд, каҳрабо, ёқут.
Сӯхтани танакор ин тавр аст, ки зарфи сафолеро ба ахгари оташ гузошта, дар он танакор андозанду то сӯхта шуданаш пайваста бигардонанд. Ё ин ки қошуқи оҳаниро битафсонанд ва танакорро реза-реза карда дар он андозанд ва то сӯхта шудан муттасил танакорро бикованд.
Сӯхтани гаҷ, қафқи баҳр ва монанди ин ҳар ду, ки ин амал таклис номида мешавад, ин тавр аст. Аз ҳар яки ин чизҳо ҳар миқдор, ки хоҳанд, бигиранд, бо намакоб покиза бишӯянд, баъд хушконида, дар кӯзае, ки бо гили ҳикмат ё гили бӯта молида шуда бошанд, андозанду дар кӯраи хиштпазӣ ё дар гӯлахи ҳаммом, ё дар танӯри тафсон ба рӯи хиште бигузоранд, то он ки сӯхта монанди оҳак сафед гардад.
Сӯхтани мор он аст, ки бигиранд мори хонагии солимро, зинда дар кӯза андохта, даҳани онро маҳкам карда, ба кӯза гили ҳикмат ё гили бӯта молида, як шаб дар танӯри тафсон бигузоранд. Пас онро аз кӯза бароваранд, ки хушк бояд шуда бошад. Баъд онро соида, ба равғани зайтун хамир сохта, ба ханозер гузошта банданд.
Сӯхтани фароштурук он аст, ки бачаи онро гирифта, гулӯяшро бибурранд, парҳояшро канда, шикамашро чок карда ва чизҳои дарунашро бароварда дур намоянд, покиза шуста, ба он намак пошида, дар кӯзае андохта, даҳани кӯзаро гили ҳикмат ё гили бӯта молида, маҳкам гардонанд, дар танӯр ё оташдони пураҳгар бигузоранд, то он ки сӯхта гардад.
Сӯхтани шиша он аст, ки шишаи софи сафеди шаффофи пок аз сангреза ва ғубор бошад, бигиранду маҳин соида, дар кӯзаи гили ҳикмат ё гили бӯта ловидашуда андозанд, даҳанашро маҳкам намуда, дар гӯлахи ҳаммом ё дар танӯри тафсен то сурх шуданаш бигузоранд. Ва агар хокистари шиша матлуб бошад, кори беҳтарин он аст, ки шишаро дар қафчаи оҳанӣ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё