Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

хуб тафсонида, баъд дар оби ишхор андозанд ва ҳар он чӣ аз он хокистар шуда бошад, ҷудо карда бигиранд. Боқимондаро боз ҳамон тавр тафсонида, дар оби ишхор андозанд ва ҳамчунин батакрор амал намоянд, то ки ҳамааш хокистар гардад. Аз ин 4,5 грамм бо 50 грамм оби гарм биёшоманд, санги гурда ва ҳичакро ба зудӣ майда карда мерезонад.

Сӯхтани зарних он аст, ки зарнихи аълои софхолисро ба андозаи наҳӯд реза-реза карда, дар кӯзаи гили ҳикмат ё гили бӯта молидашуда андозанд, даҳани кӯзаро маҳкам гардонида, дар миёнаҷои сари он барои баромадани бухор сӯрохе намоянду ба ахгар гузоранд. Модом ки аз он бухори сиёҳ мебаромада бошад, ҳанӯз тайёр нест ва чун бухори сафед аз он барояд, комилан сӯхта шудааст.

Сӯхтани сангпушт он аст, ки онро шикаста, чизҳои дарунашро гирифта партоянду покиза шуста, дар кӯзан гил молидашуда андохта, дар танӯри тафсон ё дар оташдон он миқдор бигузоранд, ки сӯхта сафед гардад.

Сӯхтани садаф он аст, ки садафи сафеди ҳамворсатҳро гирифта, аз рӯяш гили бӯтаи холис билованду то сӯхта шуданаш дар танӯри ахгарнок бигузоранд. Агар ба як бор сӯхта нагардад, аз нав аз рӯяш гили мазкур молида, то тамом сӯхта шудан дар танӯр гузоранд.

Сӯхтани ақиқ, яшб, ёқут ва монандӣ инҳо он аст, ки ҳар якеро ҷудо дар оташ сурх намуда, дар оби хунук андозанд ва ин амалро борҳо такрор намоянд, то он ки об ва равнақаш сӯхта, хушку майда ва қобили сондан гардад.

Сӯхтани нуқра он аст, ки нуқраи холисро гирифта, дар кӯзачаи гили бӯта, ки бо сафедоби қалай (оловянная белила) сиришташуда ё бо он олуда бошад, андозанду батакрор дар оташ бигузоранд, то он ки қобили кӯфтан ва сондан гардад. Тариқи дигари сӯхтанаш он аст, ки нуқраро бо сӯҳон тароша намуда, бо намакоб дар зарфи оҳанӣ бо оташи тез бисӯзонанд. Агар хуб сӯхта нашавад, камтар гӯгирд бар он бипошанду бисӯзонанд, то ки тамоман сӯхта гардад.

Сӯхтани қатрон барои тайёр намудани молиданиҳо ба дандон чунон аст, ки қадаҳе аз гили ҳикмат ё гили бӯта сохта, қатронро дар он рехта, ба оташ бигузоранд, то гудохта нисфаш бимонад. Баъд сихе чӯбин ё оҳанинро дар он фурӯ баранд, ки ба он сих бичаспад.

пешина
аз 702
навбатӣ