Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
бошанд, он хислатҳояшон кам мегарданд, масалан: анзарут, ки бо шири хар хамир карда, он хамирро ба чӯби газ кашида, монандӣ кабоб дар оташ як мартаба биръён бояд кард. Агар аз ин зиёда биръён шуданашро хоҳанд, ду мартаба кабоб кунанд ва дар ҳар боре ҳам дар шири хар сиришта биръён (кабоб) кунанд, ки беҳтар хоҳад гашт. Ҳаб-ул-мулукро дар равғани бодом ё шир як шабонарӯз бояд тар кард, баъд парварда, яъне ислоҳ мегардад. Ҳаб-ус-салотинро, ки тухми бедгули хитой низ меноманд, дар саргини гов парварда (ислоҳ) мегардонанд. Турбудро тарошида, бо равғани бодом чарб намуда, нимкӯфта, бо занҷабил истеъмол мекунанд. Чашмезакро дар латта баста, дар саргини хар биҷӯшонанд, парварда мегардад. Мозарюнро ду шабонарӯз дар сирко тар мекунанд. Тадбири зарроҳ, ки ин ҳашаротро ба туркӣ алокуланг ва ба русӣ шпанская мушка меноманд ва он қисме аз захрҳо мебошад, бояд чанд адади онро зинда дар кӯза андохта, сари кӯзаро бо латтаи зарирпоягӣ баста, даҳанзер бар болои бухори сирко, ки бо гармии оташ биҷӯшад, бидоранд, то он ки зарроҳҳо кушта ва парварда шаванд. Баъд соида истеъмол менамоянд. Тадбири салоча (пешоби бузи кӯҳӣ), ки дар масканаш ҷамъ мешавад, он аст, ки онро дар зарфи намени рехта, аз болояш оби хори хасак ва пешоби гов он миқдор бирезанд, ки ӯро бипӯшонад. Баъд дар офтоб ё бо оташ гарм карда, бо даст бимоланд ва қисми софи онро дар зарфе рехта, 21 рӯз ба офтоб гузоранд, то он ки монандӣ асал ғафс гардад. Ислоҳи шубрум (ба русӣ молочай) он аст, ки онро кӯфта, як шабонарӯз дар шир тар намоянд. Дар зарфи он се бор ширро нав кунанду баъд хушк карда бигиранд. Ҳар гоҳ барои ислоҳи варамҳо, гиреҳҳои узвҳои даруни қафаси синаву шикам, зардоб, дафъ кардани балғаму савдо истеъмол кардани шаванд, баъд аз парвариш дар шир се рӯз дигар, дар оби коснӣ, оби сагангур ва оби арпабодиён тар намуда, баъд хушк карда ба кор мебаранд. Ислоҳи дибк (ба русӣ омела белая) он аст, ки донакашро бароварда партофта, бо камтар равғани зайтун ва монандӣ он даромехта, дар хован мекубанд ва бо ҳар як даво, ки бо он муносабат дошта бошад, кӯфтан мумкин аст. Инчунин ислоҳи давоҳои дигари часпак ҳамчунин аст. Ҳар гоҳ дибкро дар давоҳои дигар мураккаб кардани шаванд, масалан, бо тухмиҳо бошад, дохил кардани равған дар он

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё