Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

Сонӣ онро бароварда дар ҳаво бидоранд, агар шах шавад — сӯхта шудааст, вале агар шах нашавад, ҳанӯз носӯхтааст, ки боз ба оташ гузоранд, то ба ҳадде, ки дар нӯги сих шах шавад. Баъд аз он аз оташ гирифта ба кор баранд.

Сӯхтани пашм ва мӯи одамӣ он аст, ки бо обу собун покиза шуста, шона карда, бо қайчӣ реза-реза намуда, дар зарфи сафолӣ ё оҳанӣ бар рӯи оташ гузоранд ва он қадар бикованд, ки қобили сондан ва кӯфтан гардад.

Акнун ба ташвия, таклия ва таҳмис меоем. Маълум буд, ки маъноҳои ҳар сеи ин калима ба ҳамдигар наздиканд. Тафсилоташ он аст, ки ташвия — он чиро дар миёни хамир ё гил, ё латтаи тар гирифта, дар танӯр, зери оташ ё хокистари гарм дафн намоянд, ки аз бухори гарми худ бипазад, масалан: пиёзи ансут, анзарут, арпабодиён, биҳӣ, себ ва монандӣ инҳо. Ё он, ки кӯфта, бо асал сиришта, дар латта баста, ба гил гирифта, дар танӯри гармиаш мӯътадил як шаб бигузоранд. Баъд бароварда ба кор баранд, масалан: арпабодиён, самари газ, инчунин монандӣ инҳо барои давоҳои молиданӣ ба дандонҳо ва ғайра. Таҳмис — он аст, ки зарферо дар оташ тафсонида, ҳар он чиро хоҳанд, дар он андозанду тез-тез бикованд, ки ҳамон он чиз ба қадри ҳочат ва як зайл бирёнд гардад, вале насӯзад; ба ибораи дигар гӯем, ки ҳамаашро то як андоза сурх гаштан ва бӯяш баромадан тафсонанд, ташвия меноманд ва он чизи бо ин усул бирёнд кардашударо машвӣ меноманд, масалан: тухми зуф, зира, тухми райҳон, тухми мармарак, тухми кӯкнор, кашнизи хушк — хуллас, ҳар як тухмиро, ки хоҳанд, ҳамин тавр бирёнд мекунанд. Беҳтарин зарф барои ташвия сангӣ ё сафолӣ мебошад ва баъд аз инҳо зарфҳои аз чизҳои дигар. Таклия — он аст, ки ҳар чиро бихоҳанд дар равған то сурх шудан ва бӯяш барҳам хӯрдан бирёнд менамоянд, масалан: тухмиҳо; ё ба дараҷаи бирёнд кунанд, ки бишукуфад ва битарқад, масалан: халила, мозу; ё то ба ҳадде бирёнд кунанд ва батахмин донанд, ки бирёнд шудааст, масалан: рими оҳан ва монанди инҳо.

Акнун дар бораи тадбир (парварда кардан), ки ислоҳ низ меноманд, сухан меронеҳ; он ба маънои тарбият ва парвариш додани баъзе давоҳо мебошад, агар он давоҳо хислатҳои тезӣ, бадӣ ва зарарнокӣ дошта

пешина
аз 702
навбатӣ