Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
суринро шифо мебахшад. Агар онро дар равғани зайтун муҳарро пухта бихӯранд, иллатҳои фолиҷ, ларзак, дардҳои буғумҳо, дарди пушт ва никрисро (подаграро) ба ибро меоварад, варамҳои сардро таҳлил медиҳад; агар дар равғани кунҷид ҳамон тавр пухта, батақрор бимоланд, иркуннасоро шифо мебахшад.
Гӯшти онро дар равғани занбак ё дар равғани савсани кӯҳӣ дар деги чӯян ё мис ба ҳадде бипазанд, ки равған хушк шавад ва аз нав равған андохта бипазанд, то шабпарак муҳарро гардад. Баъд равғанро соф намуда бимоланд, барои фолиҷи қадим, ларзак, ламкӯтаҳӣ, никрис, дарди аъзо, манъи рехтани мӯй доруи аҷиб мебошад; ва агар инро занҳо ба пистони худ бимоланд, намегузорад, ки онҳо калон шаванд. Агар ин шабпаракро дар об муҳарро пухта, ба закар бимоланд, пешоби бандшударо мекушояд. Он обро, ки шабпарак пухта шудааст, дар сӯрохи закар батақрор бичаконанд ва ё дар он об даромада нишинанд, фолиҷ ва сусту нотавон гаштани аъзоро шифо мебахшад.
Мағзи сари онро дар оби пиёз ҳал карда, ба чашм кашанд, оби дар гавҳарак фуромадаро дафъ ва чашмро бино мегардонад; агар инро бо асал сиришта бимоланд, гули чашмро нест мекунад.
Хуни онро ба зери нофи тифлон бимоланд, ба он ҷо мӯй намерӯяд, агар ба пистони духтарон бимоланд, пистон бисёр бузург намегардад. Агар ин хунро ба чашм бимоланд, пардаи ба он афтодаро, ки чашмро торик мекунад, дафъ менамояд.
Шабпаракро сӯхта, хокистарашро чун сурма ба чашм кашанд, чашмро тез ва гули дар он афтодаро дафъ мекунад. Агар ин хокистарро дар шароб андозанд, нӯшандагонаш маст намегарданд.
Заҳраи онро занҳо ба андоми шарми худ бимоланд, душвории зоиданро барҳам медиҳад, яъне зоишро дархол осон мекунад.
Агар майнаи онро ба зери по бимоланд, қуввати пушти камарро (боҳро) бармеангезад.
Мизоҷи саргинаш бисёр гарм ва хушк то дараҷаи чорум мерасад. Агар инро ос карда, чун сурма ба чашм кашанд, гули чашмро дафъ мекунад. Агар онро ба шукуфаҳои пӯст бимоланд, онҳоро дур менамояд.
Шири шабпарак низ дар мизоҷ бисёр гарм аст ва поккунандаи доғҳо мебошад. Агар аз ин 4,5 грамм бихӯранд, ҳалок мекунад, яъне мекушад. Як граммӣ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё