Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
инро бихӯранд, санги гурда ва ҳиҷакро (пешобдонро) майда карда мерезонад.
Дар болои ошёни онҳо чизи сафеди сахт ёфт мешавад ба миқдори банди ангуште (баъзан калонтар ва баъзан хурдтар аз он) монандӣ ишҳор, вале сафедтар аз он, сӯрохдор, яъне ковокдор. Агар инро ос карда бимоланд, озахҳоро хушк мекунад ва мӯйро чун тарошидашуда аз пӯсти бадан ҷудо мекунад, вале пӯстро захмин месозад.
Пешоби ин ҷонвар низ мизоҷ ва ҳислати шири онро дорост, моддаҳои сахт ва ғафси баданро мегудозад. Агар онро ба чашм бикашанд, гули чашмро дафъ мекунад. Инчунин шираш ҳам гули чашм ва ноҳунаки чашмро дур менамояд. Вале ин ҳар ду ба чашм зарар низ мекунад. Бинобар ҳамин аз истеъмолашон ба чашм, беҳтар аст, ки худдорӣ намоянд.
Агар нафаҳмонда сари онро ба зери болини касе бигузоранд, он шахсро хоб намебарад. Инчунин чашм ва дили он ҳам ҳамчунин таъсирро дорад.
Агар дар бурҷи (ҷойгаҳи) кабутарон сари онро дафн намоянд, ба он ҷо кабутарони бисёр ҷамъ мешаванд. Агар инро дар сӯрохи муш гузоранд, ҳамаи мушон аз он хона мегурезанд.
Дилашро ба гардани худ овезанд, барои ҳаракати ҷимоъ ёрӣ медиҳад.
Мағзи сари онро бар закар бимоланд, онро қавӣ мегардонад.
- Лаклак
Ин парандаи калонҷусса, гардану по ва нӯли дароз дорад, ки ба ҳама маълум мебошад. Аз чӯбмайда ва хорҳои шахшӯл барои муҳофазати бачаҳои худ ошён месозад. Азбаски душмани бачаҳои он мор аст, худаш морро мехӯрад. Бинобар он, ки хӯрокаш аз ҷонварони номарғуб аст, гӯшташ бадбӯ мебошад.
Мизоҷаш дар охири дараҷаи саввум гарм ва хушк аст.
Ҳислатҳои шифобахши он: гӯшташро бихӯранд, барои иллати фолиҷ, қаҷ шудани рӯй, карактӣ, бодҳои ғализ, ҷой гирифтани сардӣ дар узвҳои бадан, сустии боҳ (пушти камар), захрҳои ҷонварони газанда даво мебошад. Хӯрдани гӯшти бачааш беҳтар аз гӯшти лаклаки калон аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё