Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
Гӯшти лаклак ба одамони гарммизоҷ зарар мекунад. Дар ин ҳолат равғани кунҷид бихӯранд ё онро бо сирко, карафс, кашнизи бисёр, равғани зайтун ва равғани бодом пухта бихӯранд, зарараш ислоҳ меёбад, вале аз болои гӯшти лаклак шароб ва май набояд ошоманд.
Тухми он барои табобат дар аксар ҳолат аз гӯшти он қавитар аст.
Заҳраи онро ба чашм бикашанд, шабкӯриро дафъ мекунад.
Хунашро бимоланд, доғи сафеди пӯстро нест месозад. Агар инро бо сирко даромехта хоҳ бимоланд ва ё гузошта банданд, ҳамин таъсирро дорад.
Саргинашро гузошта банданд, доғи сафеди пӯст, доғҳои кунҷидак ва дигар доғҳоро аз пӯст дафъ месозад. Инро бо тухмаш якҷо карда бимоланд, мӯйро сиёҳ мегардонад, иллати саръро дафъ менамояд.
- Кӯрмуш
Ин ҷонвари бадбӯ, бечашм, дум ва поҳои он аз ин узвҳои муш кӯчактар, хокистаранг, вале ба қавле чашми он дар зери пӯсташ ҷой гирифтааст. Дар заминҳои намнок мешавад, пайваста заминро сӯрох мекунад ва решаҳои гиёҳ ва дарахтонро мехӯрад, хусусан қисми заминӣ — пиёзи гандано ва пиёзро дӯст медорад, ки бихӯрад. Агар гандано ва пиёзро ба даҳани сӯрохаш бигузоранд, ба бӯи он берун меояд.
Мизоҷаш бағоят гарм ва хушк, аз ҷинси заҳрҳои қаттол аст.
Хислатҳои шифобахши он: хуни тарафи дунболаи онро бимоланд, гули чашмро дафъ мекунад ва пӯсти баданро аз доғҳои гуногун пок менамояд, ҳатто холро ҳам бармедорад, ханозерро (ҳукгарданро) таҳлил медиҳад.
Мағзи сари онро бо равғани гулисурх даромехта бимоланд, хуни биниро ва хунравиро аз ҳар мавзеъ, ки бошад, қатъ мекунад, варамҳо ва ханозерро таҳлил медиҳад; барои нест кардани доғҳои пес, доғи сафед, шукуфаи пӯст, доғи кунҷидак ва ҳар чӣ аз бадан барояд, давои беҳамто мебошад. Хунаш ҳам чунин таъсир дорад.
Сари онро сӯхта, бо зоки сафед ос карда, чун дар

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё