Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
гӯш ё дар бинӣ гузоранд — ҳар дуро, ки бадбӯ бошад, бӯи бадашро дафъ менамояд; агар ба гардани бемори таби дурӯздармиён банданд, аз иллат шифо меёбад. Инро бимоланд, барои дарди сар даво мебошад.
Сари кӯрмушро сӯзонида, худро ба дудаш бидоранд, душвории шошиданро ба ибро меоварад.
Заҳраи онро бо оби решаи юнуҷка даромехта, дар бинӣ резанд, каҷ шудани рӯйро сиҳат мебахшад.
Лаби болои онро ба худ овезанд, таби дурӯздармиён ва сарӯро шифо мебахшад, дандони тифлон ба осонӣ мебарояд.
Дандони онро ба миёни мардуми пурозор партоянд, зуд ҳамаи онҳо пароканда мегарданд, инчунин равғани онро дар оташ андозанд, ҳамин тавр ҳодиса рӯй медиҳад.
- Ҳук
Ин ҳайвон ҳам аҳлӣ ва ҳам ваҳшӣ низ мебошад. Гӯшташ ширин, монандӣ гӯшти инсон аст. Пеш аз пайдоиши мазҳаби ислом тоҷикон гӯшти онро мехӯрданд ва дар бозорҳо фурӯхта мешуд. Баъд дини ислом онро ҳаром ҳукм кард ва хӯрдан, инчунин фурӯхту харидаш манъ гардид.
Мизоҷаш дар аввали дараҷаи дуввум гарм ва дар дараҷаи саввум тар аст.
Хислатҳои шифобахши он; агар инро бихӯранд, гиреҳҳои узвҳоро мекушояд, баданро фарбеҳ месозад, барои мизоҷи инсон мувофиқтарин гӯшт аст, ҳамаи он баъд аз ҳазм ёфтан ҷузъи бадан мегардад, ба қавле дар бадан ҳилти (моддаи) ғафс пайдо мекунад, ҳирси шадидро ба амал ва дарди давомнок меоварад, ба иллати филпо, ки пойҳои одамӣ монандӣ пойҳои фил ғафс мегарданд, гирифтор менамояд; бинобар тариӣ мизоҷаш дар буғумҳо дард пайдо мекунад; ақлро паст месозад, мурувватро нест мекунад, яъне камҳиммат мегардонад; ғайратро суст менамояд. Ҳамин ин хис-латҳои бадашро шароб нӯшидан, шакар ва канд ошомидан ба ислоҳ меоварад.
Ҳангоми истеъмоли гӯшти хук бояд синну соли кас, меъёр ва миқдори хӯрданаш, инчунин мизоҷи хӯранда риоя карда шавад. Яъне ба кӯдакон ва ҷавонон, азбаски мизоҷи онон тари баланд аст, зарар дорад, зеро

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё