Зеҳн
Мантиқ

Китоби дарсии мазкур ба омӯзиши илми мантиқ ва масъалаҳои марбут ба он бахшида шудааст. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 192 саҳифа

ИлмТаҳсилот
Аз аввал хондан

қонуни айнияти мантиқӣ инкор намекунад. Ин қонуни мантиқӣ таълим медиҳад, ки ҳар як мафҳум дар доираи хулосабарорӣ, исботкунии аниқ, бояд айнан ба мазмуни худаш кор фармуда шавад, яъне фикрҳо, мафҳумҳои мо муайян ва аниқ бошанд. Дар дохили як хулосабарорӣ, фикркунӣ набояд як мафҳум бо дигар мафҳум иваз карда шавад.

Дар Юнони қадим одамоне буданд, ки онҳо барои дар баҳсу мунозира ғолиб баромадан бошуурона ва қасдан қонунҳои мантиқиро, аз ҷумла, қонуни айниятро вайрон мекарданд ва онҳо бо номи софистҳо машҳур гардида буданд.

Инак, яке аз гуфтори софистҳо:

Он чизе ки ту гум накардӣ, ту дорӣ.
Ту шохҳоро гум накардай.

Пас, ту шох дорӣ.

Албатта, дар ин ҷо хулосаи баровардашуда ғалат мебошад.
Барои чӣ ин хулоса ғалат, дурӯғ аст? Зеро дар ин ҷо қонуни айният вайрон карда шуда, як мафҳум, яъне мафҳуми «гум накардай» ба ду маъно кор фармуда шудааст. Дар муҳокимаи якум мафҳуми «гум накардай» ба он чизҳое дахлдор аст, ки онҳо ба одам тааллуқ доранд, дар муҳокимаи дуюм мафҳуми «гум накардай» ба он чизе (яъне шох) дахлдор аст, ки ин чиз ба одам хос намебошад. Маҳз аз сабаби ба ду маъно кор фармудани ҳамин мафҳум хулоса ғалат баромадааст.

Қонуни айният муайян, аниқ будани мафҳумҳоро дар худуди ин ё он хулосабарорӣ талаб мекунад. Ин қонуни номуайянии мазмуни мафҳумҳо ва думаъногии онҳоро рад мекунад.

Аз ин сабаб мутафаккирон, шахсони машҳур барои тафаккури дуруст аҳамияти калон доштани муайянӣ, аниқ ва возеҳ будани мазмуни мафҳумҳо борҳо қайд намудаанд.

Доҳиёни Партияи Коммунистӣ доимо дар рафти баҳсу мунозира ва муҳокима омехта кардани мафҳумҳоро талаб намуда ва ба думаъногӣ, ноаникӣ, норавшании фикр роҳ намедоданд ва таъкид мекарданд, ки пеш аз баҳсу мунозира бояд мазмуни мафҳумҳои ба кор бурдашаванда возеҳ, аниқ, муайян карда шаванд. В. И. Ленин ва шогирдони ӯ ҳамеша аҳамияти илми мантикро барои тафаккури дуруст қайд намуда, душманони оммаи меҳнаткашонро, ки мафҳумҳоро омехта карда, як мафҳумро бо мафҳуми дигар иваз менамуданд, фош мекарданд.

В. И. Ленин дар яке аз асарҳояш фикрҳои бемантиқи оппортунист Каутскийро танқид карда навишта буд, ки дар бораи калимаҳо баҳсу мунозира кардан беақлист, вале барои мубоҳиса бурдан, пеш аз ҳама, бояд мазмуни мафҳумҳо аниқ карда шаванд.

пешина
аз 192
навбатӣ