Мантиқ

Китоби дарсии мазкур ба омӯзиши илми мантиқ ва масъалаҳои марбут ба он бахшида шудааст. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 192 саҳифа
Агар яке аз муқаддимаҳо муҳокимаи инкорӣ буда, дигараш муҳокимаи тасдиқӣ бошад, он гоҳ ҳаҷми яке аз терминҳои канорӣ ба ҳаҷми термини миёна дохил шуда, ҳаҷми термини канории дигар аз дохили ҳаҷми термини миёна берун мешавад. Мисоли зериро таҳлил мекунем:
Ҳамаи одамони бовиҷдон моликияти давлатиро муҳофизат мекунанд.
Гражданини Х моликияти давлатиро муҳофизат намекунад.
ПАС, гражданини Х одами бовиҷдон намебошад.
Дар ин ҷо ҳаҷми термини калон «одамони бовиҷдон» ба ҳаҷми термини миёна «моликияти давлатиро муҳофизаткунандагон» дохил мешавад, лекин ҳаҷми термини хурд «гражданини Х» ба ҳаҷми термини миёна «моликияти давлатиро муҳофизаткунандагон» дохил намешавад, пас, ҳаҷми термини хурд аз ҳаҷми термини калон берун мебошад.
- Аз ду муқаддимаи ҷузъӣ ҳеҷ як хулоса баровардан мумкин нест.
Агар ҳар ду муқаддимаҳо ҳам аз муҳокимаҳои ҷузъӣ (яъне муҳокимаҳои I ва O) иборат бошанд, пас аз онҳо хулоса намебарояд. Маълум аст, ки дар муҳокимаҳои ҷузъӣ фикр дар бораи як қисми ҳаҷми термини мубтадо меравад, бинобар ин номуайян аст, ҳар ду ин қисмҳо бо як қисми муайяни ҳаҷми термини миёна мувофиқ меоянд ё ба қисмҳои гуногуни ҳаҷми термини миёна дахл доранд.
Масалан:
Баъзе пешқадамони истеҳсолоти хоҷагии қишлоқ — Қаҳрамонони Меҳнати Социалистӣ мебошанд.
Баъзе колхозчиёни мо пешқадамони истеҳсолоти хоҷагии қишлоқ нестанд.
ПАС, баъзе колхозчиёни мо Қаҳрамонони Меҳнати Социалистӣ мебошанд.
Ин гуна хулоса аз муқаддимаҳои баёншуда, ҳатман намебарояд, зеро мумкин аст, ки колхозчиёни мо пешқадамони истеҳсолоти хоҷагии қишлоқ бошанду Қаҳрамонони Меҳнати Социалистӣ набушанд.
- Агар яке аз муқаддимаҳо муҳокимаи ҷузъӣ бошад, пас хулоса ҳам муҳокимаи ҷузъӣ мешавад.
Агар яке аз муқаддимаҳо муҳокимаи ҷузъӣ бошад, он гоҳ ҳаҷми термини миёна бо яке аз терминҳои канорӣ қисман муносибат пайдо мекунад. Аз ин рӯ хулоса ҳам ҷузъӣ мешавад.
Масалан:
Одамони пешқадами мамлакати социалистӣ хурофотчӣ намебошанд.
Баъзе одамон хурофотчӣ мебошанд.
ПАС, баъзе одамон — одамони пешқадами мамлакати социалистӣ намебошанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё