Мантиқ

Китоби дарсии мазкур ба омӯзиши илми мантиқ ва масъалаҳои марбут ба он бахшида шудааст. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 192 саҳифа
Формураи намуди чоруми шакли якуми силлогизм чунин ифода меёбад:
MeP SiM SoP
Мисол:
Ҳамаи мубдоҳои ҷумлаҳо ба саволҳои кӣ ва чӣ ҷавоб медиҳанд.
Баъзе калимаҳои ин ҷумла ба саволҳои кӣ ва чӣ ҷавоб намедиҳанд.
Пас, баъзе калимаҳои ин ҷумла мубдо нестанд.
Шакли якуми силлогизм барои пайдо намудани дониш аҳамияти калон дорад. Фақат ба воситаи шакли якуми силлогизм муҳокимаи умумии тасдиқӣ пайдо карда мешавад, ки ин муҳокима, барои дониш аҳамияти калон дорад.
Шакли якуми силлогизмро дар соҳаи ҳуқуқшиносӣ татбиқ намудан ҳам аҳамияти калон дорад.
Суд кори ҷиноятӣ ё худ гражданиро ба воситаи дар ҳамин шакли силлогизм алоқаманд намудани факт, воқеаи ҷиноятӣ ё ҳуқуқвайронкунии гражданиро дар асоси нормаи муайяни ҳуқуқи ҷиноятӣ ё гражданӣ ҳал мекунад. Масалан, ҷавобгар Х дар фалон сана бо кирдори худ ба гражданин М ба маблағи 300 сӯм зарар расонидааст, пас, бояд аз ҷавобгар Х ба даъвогар ҳамин зарар ба тариқи ҷарима рӯёнида шавад. Дар ин хулосабарории зикршуда қоидаи умумӣ, ки бо норма ё қонуни ҳуқуқӣ ифода ёфтааст, муқаддимаи калон буда, факти ҳуқуқвайронкуние, ки суд вайро муқаррар кардааст, муқаддимаи хурд, он қароре ки суд баровардааст, хулоса мебошад.
Шакли дуюми силлогизм чор намуди дурусти зерин дорад:
EA, AE, EI, AO
Ин намудҳоро бо якдигар муқоиса карда мебинем, ки дар шакли дуюм муқаддимаи калон ҳамеша муҳокимаи умумӣ буда, яке аз муқаддимаҳо муҳокимаи инкорӣ мебошад. Азбаски дар шакли дуюм термини миёна дар ҳар ду муқаддима ҳам ба ҷои хабар меояд, пас, он муқаддимае, ки дар вай термини миёна муштарак аст, муҳокимаи инкорӣ мешавад.
Формураи намуди якуми шакли дуюми силлогизм чунин ифода меёбад:
PeM SaM SeP
Дар мамлакатҳои демократии халқӣ ҳамаи гражданинҳо баробарҳуқуқанд.
Дар ШМА ҳамаи гражданинҳо баробарҳуқуқ нестанд.
Пас, ШМА мамлакати демократии халқӣ намебошад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё