Мантиқ

Китоби дарсии мазкур ба омӯзиши илми мантиқ ва масъалаҳои марбут ба он бахшида шудааст. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 192 саҳифа
Формураи намуди дуюми шакли дуюми силлогизм ин тавр ифода меёбад:
Мисол:
$$\frac{PaM}{SeM}$$
Мисол:
Дар мамлакатҳои демократии ҳақиқӣ гражданинҳо баробарҳуқуқанд.
Дар мамлакатҳои капиталистӣ ҳамаи гражданинҳо баробарҳуқуқ нестанд.
ПАС, мамлакатҳои капиталистӣ — мамлакатҳои демократии ҳақиқӣ намебошанд.
Намуди сеюми шакли дуюми силлогизм чунин ифода карда мешавад:
$$\frac{PeM}{SiM}$$ $$SOP$$
Мисол:
Ҳеҷ як калимаи мураккаб аз як реша иборат намебошад.
Баъзе калимаҳои ин ҷумла аз як реша иборатанд.
ПАС, баъзе калимаҳои ин ҷумла — калимаҳои мураккаб намебошанд.
Намуди чоруми шакли дуюми силлогизм чунин ифода меё-бад:
$$\frac{PaM}{SOM}$$ $$SOP$$
Мисол:
Ҷамъияти пешқадамтарини замони ҳозира — ҷамъияти социалистӣ мебошад.
Баъзе мамлакатҳои Шарқ — ҷамъияти социалистӣ намебошанд.
ПАС, баъзе мамлакатҳои Шарқ — ҷамъияти пешқадамтарини замони ҳозира намебошанд.
Шакли дуюми силлогизм барои пайдо намудани дониш аҳамияти муайяне дорад. Ин шакли силлогизм барои рад намудан, инкор кардани фикрҳо ва муҳокимаҳои дурӯғ бештар ба кор бурда мешавад. Шакли дуюми силлогизм бештар дар вақти баҳсу мунозира, мубоҳиса бо мақсади инкор кардани фикри ғалат кор фармуда мешавад.
Шакли сеюми силлогизм шаш намуди дурусти зерин дорад:
$$AA, IA, AI, EA, OA, EI$$
Ин намудҳоро бо ҳамдигар муқоиса намуда, мо мебинем, ки дар шакли сеюми силлогизм муқаддимаи хурд ҳамеша муҳокимаи

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё