Мантиқ

Китоби дарсии мазкур ба омӯзиши илми мантиқ ва масъалаҳои марбут ба он бахшида шудааст. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 192 саҳифа
тасдиқӣ буда, хулоса ҳамеша муҳокимаи ҷузъӣ мешавад.
Формулаи намуди якуми шакли сеюми силлогизм ин тавр ифода меёбад:
MaP MaS SIP
Мисол:
Студентони синфи мо — таърихшинос мебошанд.
Студентони синфи мо — аъзоёни кружоки философия мебошанд.
ПАС, баъзе аъзоёни кружоки философия — таърихшинос мебошанд.
Формулаи намуди дуюми шакли сеюми силлогизм чунин ифода меёбад:
MiP MaS SIP
Мисол:
Баъзе асарҳои философия Абӯалӣ ибни Сино гум шудаанд.
Ҳамаи асарҳои философияи Абӯалӣ ибни Сино ёдгориҳои машҳури илмҳои асри миёна мебошанд.
ПАС, баъзе ёдгориҳои машҳури илмҳои асри миёна гум шудаанд.
Формулаи намуди сеюми шакли сеюми силлогизм чунин ифода меёбад:
MaP MiS SIP
Мисол:
Ҳамаи муаллимони мо бо асарҳои Рӯдакӣ шинос мебошанд.
Баъзе муаллимони мо забоншинос мебошанд.
ПАС, баъзе забоншиносон бо асарҳои Рӯдакӣ шинос мебошанд.
Формулаи намуди чоруми шакли сеюми силлогизм ин тавр ифода карда мешавад:
MeP MaS SOP
Мисол:
Ҳар як ҳуқуқшинос қонунҳои микромирро нағз намедонад.
Ҳамаи ҳуқуқшиносон ҷамъиятшинос мебошанд.
ПАС, баъзе ҷамъиятшиносон қонунҳои микромирро нағз намедонанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё