Зеҳн
Мантиқ

Китоби дарсии мазкур ба омӯзиши илми мантиқ ва масъалаҳои марбут ба он бахшида шудааст. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 192 саҳифа

ИлмТаҳсилот
Аз аввал хондан

Формулан намуди панҷӯми шакли сейӯми силлогизм ин тавр ифода меёбад:
$MOP$ $MaS$ $SOP$

Мисол:
Баъзе талабагони синфи мо вақташонро бекор намегузаронанд.
Ҳамаи талабагони синфи мо хондани адабиёти бадеиро дӯст медоранд.
Пас, баъзе талабагоне, ки хондани адабиёти бадеиро дӯст медоранд, вақташонро бекор намегузаронанд.

Формулан намуди шашӯми шакли сейӯми силлогизм ин тавр ифода меёбад:
$MeP$ $MiS$ $SOP$

Мисол:
Ҳеҷ як инсондӯст ҷангро намехоҳад.
Баъзе инсондӯстон одамони мамлакатҳои капиталистӣ мебошанд.
Пас, баъзе одамони мамлакатҳои капиталистӣ ҷангро намехоҳанд.

Аҳамияти дарккунии шакли сейӯми силлогизм нисбат ба шаклҳои якум ва дуйӯм камтар мебошад. Аҳамияти ин шакли силлогизм аз он иборат аст, ки бо ёрии он ба предмет хос будани ду хел нишона муқаррар карда мешавад ва дар баъзе мавридҳо ин шакл барои рад намудани муҳокимаҳои умуминғалат кор фармуда мешавад.

Намудҳои шакли чорӯми силлогизм чунин ифода меёбанд: AA, AE, iA, EA, Ei.

Формулаи намуди якуми шакли чорӯм чунин аст:
$PaM$
$MaS$
$SiP$

Мисол:
Ҳамаи халқҳои Тоҷикистон — гражданинҳои СССР мебошанд.
Ҳамаи гражданинҳои СССР — барпокунандагони коммунизм мебошанд.
Пас, баъзе барпокунандагони коммунизм — халқҳои Тоҷикистон мебошанд.

Формулаи намуди дуйӯми шакли чорӯми силлогизм чунин ифода карда мешавад:
$PaM$ $MeS$ $SeP$

пешина
аз 192
навбатӣ