Зеҳн
Мантиқ

Китоби дарсии мазкур ба омӯзиши илми мантиқ ва масъалаҳои марбут ба он бахшида шудааст. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 192 саҳифа

ИлмТаҳсилот
Аз аввал хондан

Мисол:

Он ҳиссаи нутқ, ки ҳаракат ва ҳолати предметро ифода мекунад, феъл мебошад.
Ҳеҷ як феъл — сифат намебошад.
Пас, ҳеҷ як сифат — ҳиссаи нутқи ҳаракат ва ҳолати предметро ифода намекунад.

Формулан намуди сеюми шакли чоруми силлогизм чунин аст:
$\frac{PeM}{MaS}$ $SiP$

Мисол:

Баъзе романҳо асарҳои пандомез мебошанд.
Ҳамаи асарҳои пандомез дорои аҳамияти тарбиявӣанд.
Пас, баъзе чизҳое, ки дорои аҳамияти тарбиявӣанд, роман мебошанд.

Формулан намуди чоруми шакли чоруми силлогизм чунин ишора карда мешавад:
$\frac{PeM}{MaS}$ $S\breve{o}P$

Мисол:

Ҳеҷ як химик — таърихшинос намебошад.
Ҳамаи таърихшиносон илми археологияро нағз медонанд.
Пас, баъзе шахсове, ки илми археологияро нағз медонанд, химик намебошанд.

Формулан намуди панҷуми шакли чорум чунин аст:
$\frac{PeM}{MiS}$ $S\breve{o}P$

Мисол:

Ҳеҷ як ғазал — қасида намебошад.
Баъзе қасидаҳо асарҳои шоирони мо мебошанд.
Пас, баъзе асарҳои шоирони мо — ғазал намебошанд.

Баъзе мантиқшиносон мегӯянд, ки шакли чоруми силлогизм до-рои аҳамияти дарккунӣ набуда, характери сунъӣ дорад. Аммо қатъӣ назар аз он ки ин шакл дар амалиёти тафаккур кам ба кор бурда мешавад, вай аҳамияти махсус дорад.

Бо ин шакл муносибати мафҳумҳои навъӣ нисбат ба мафҳумҳои ҷинсӣ муқаррар кардашуда барои дониста гирифта-ни мафҳуми ҷинсӣ бештар ба кор бурда мешавад.

пешина
аз 192
навбатӣ