Зеҳн
Мантиқ

Китоби дарсии мазкур ба омӯзиши илми мантиқ ва масъалаҳои марбут ба он бахшида шудааст. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 192 саҳифа

ИлмТаҳсилот
Аз аввал хондан

§ 7. ХУЛОСАБАРОРИИ ШАРТӢ ВА ШАРТИЮ ҚАТЪӢ

То ин дам мо хулосабарорие, ки ҳар ду муқаддимааш ва хулосааш муҳокимаҳои қатъӣ буда, силлогизм ном дорад, дида баромадем. Лекин маълум аст, ки ғайр аз муҳокимаҳои қатъӣ навъи дигари муҳокимаҳо, чунончи, муҳокимаҳои шартӣ ва мунфасил ҳам мавҷуданд. Бинобар он, хулосабарориҳое ҳам мавҷуданд, ки қисми таркибии онҳоро муҳокимаҳои шартӣ ва мунфасил ташкил медиҳанд.

Хулосабарориҳое, ки яке аз муқаддимаҳояшон муҳокимаи шартӣ мебошад, хулосабарории шартӣ ном доранд.

Хулосабарориҳои шартӣ ба ду навъ тақсим мешаванд: 1) Х у л о с а б а р о р и ҳ о и ш а р т и и х о л и с ва 2) х у - л о с а б а р о р и ҳ о и ш а р т и ю қ а т ъ ӣ.

  1. Хулосабарории шартии холис.

Хулосабарории бавоситае, ки ҳар ду муқаддима ва хулосааш муҳокимаҳои шартӣ мебошанд, хулосабарории шартии холис меноманд.

Масалан:
Агар дар заводу колхозҳо кори тарбияи коммунистӣ дуруст ба роҳ монда шуда бошад, шуурнокии меҳнаткашон тарафт баланд мешавад.
Агар шуурнокии меҳнаткашон тарафт баланд гардад, он гоҳ планҳои истеҳсолӣ бомуваффақият иҷро мешавад.

ПАС, агар дар заводу колхозҳо кори тарбияи коммунистӣ дуруст ба роҳ монда шуда бошад, планҳои истеҳсолӣ бомуваффақият иҷро карда мешавад.

Аз ин мисол маълум аст, ки дар муқаддимаи якуми хулосабарории шартии холис фикре баён карда шудааст, ки мувофиқи он агар дар воқеият як ҳодиса вуҷуд дошта бошад, ҳодисаи дигаре низ мавҷуд аст. Дар муқаддимаи дувӯм чунин фикре баён карда мешавад, ки мувофиқи он, агар дар воқеият ҳамон ҳодисаи дувӯм вуҷуд дошта бошад, пас, ҳодисаи сейӯм низ вуҷуд дорад. Ҳамчун хулоса чунин фикр мебарояд, ки мувофиқи он, агар дар воқеият ҳодисаи якум мавҷуд бошад, пас ҳодисаи сейӯм ҳам вуҷуд дорад.

Маълум аст, ки муҳокимаи шартӣ аз ду қисм: асос ва натиҷа иборат анд. Дар силлогизми шартии холис натиҷаи муҳокимаи муқаддимавии якум, асоси муҳокимаи муқаддимавии дуввум мебошад ва, пас, хулоса бароварда мешавад, ки асоси муҳокимаи якуми муқаддимавӣ мавҷуд бошад, он гоҳ натиҷаи муҳокимаи муқаддимавии дуввум ҳам вуҷуд дорад.

Ин қоидаи умумии хулосабарории шартӣ чунин ифода карда мешавад: натиҷаи натиҷа — натиҷаи худи асос мебошад.

Формураи хулосабарории шартии холис чунин ифода меёбад:

Агар А — Б бошад, он гоҳ В — Г мешавад;
Агар В — Г бошад, он гоҳ Д — Е мешавад.

Пас, агар А — Б бошад, он гоҳ Д — Е мешавад.

пешина
аз 192
навбатӣ