Мантиқ

Китоби дарсии мазкур ба омӯзиши илми мантиқ ва масъалаҳои марбут ба он бахшида шудааст. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 192 саҳифа
- Хулосабарории шартию қатъӣ.
Хулосабарориҳои бавоситае, ки яке аз муқаддимаҳояшон муҳокимаи қатъӣ аст, хулосабарории шартию қатӣ ном доранд.
Хулосабарории шартию қатӣ боз ду шакл дорад:
- Дар шакли якуми хулосабарории шартию қатӣ муқаддимаи калон муҳокимаи шартӣ буда, муқаддимаи хурд муҳокимаи қатъии тасдиқӣ мебошад ва хулосаи он ҳам муҳокимаи қатъии тасдиқӣ мешавад.
Формулаи шакли якуми хулосабарории шартию қатӣ чунин ифода меёбад:
Агар А — В бошад, он гоҳ С — Д мешавад;
А — В мебошад.
Пас, С — Д аст.
Ин шакли хулосабарории шартию қатӣ хулосабарории шартию қатъии тасдиқкунанда ном дорад.
Мисол:
Агар дар мамлакат сохти ҷамъияти капиталистӣ бошад, он гоҳ дар он ҷамъият муборизаи синфӣ байни истисморкунандагон ва истисморшавандагон вуҷуд дорад.
Дар ШМА сохти ҷамъияти капиталистӣ мавҷуд аст.
Пас, дар ШМА муборизаи синфӣ байни истисморкунандагон ва истисморшавандагон вуҷуд дорад.
- Дар шакли дуюми хулосабарории шартию қатӣ муқаддимаи калон муҳокимаи шартӣ буда, муқаддимаи хурд муҳокимаи қатъии инкорӣ мебошад, аз ин рӯ, хулоса ҳам муҳокимаи қатъии инкорӣ мешавад.
Формулаи шакли дуюми хулосабарории шартию қатӣ чунин ифода меёбад:
Агар А — В бошад, он гоҳ С — Д мешавад;
С — Д намебошад.
Пас, А — В намебошад.
Мисол:
Агар ҷумла мураккаб бошад, он гоҳ вай ба якчанд ҷумлаҳои содда тақсим мешавад.
Ин ҷумла ба якчанд ҷумлаҳои содда тақсим намешавад.
Пас, ин ҷумла ҷумлаи мураккаб намебошад.
Ин шакли хулосабарории шартию қатӣ хулосабарории шартию қатъии инкорӣ ном дорад.
Асоси хулосабарории шартиро қоидаи умумии алоқаи байни асос ва натиҷа ташкил медиҳад. Ин қоидаи умумии алоқаи байни асос ва натиҷаи муҳокимаи шартӣ, чӣ навъе ки дар боло зикр шуда буд, ба тарзи зерин ифода меёбад:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё