Зеҳн
Мантиқ

Китоби дарсии мазкур ба омӯзиши илми мантиқ ва масъалаҳои марбут ба он бахшида шудааст. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 192 саҳифа

ИлмТаҳсилот
Аз аввал хондан
  1. Агар ду муҳокимаи соддаи дорои алоқаи байни асос ва натиҷа буда, муҳокимаи шартиро ташкил диҳанд, он гоҳ аз ҳақ будани асос натиҷаи ҳақ мебарояд ва аз дурӯғ будани натиҷа асоси дурӯғ мебарояд.

  2. Аз ҳақ будани натиҷа асоси ҳақ намебарояд (зеро мумкин аст ин натиҷа натиҷаи асоси дигар бошад) ва аз асоси дурӯғ натиҷаи дурӯғ намебарояд (зеро мумкин аст натиҷаи асоси дигар дошта бошад, ки аз вай ҳақ барояд).

Чунин аст қоидаи умумии хулосабарории шартӣ.

§ 8. ХУЛОСАБАРОРИИ МУНФАСИЛ ВА МУНФАСИЛИ ҚАТЪӢ

Хулосабарорие, ки яке аз муқаддимаҳояш муҳокимаи мунфасил аст, хулосабарории мунфасил ном дорад.

Хулосабарории мунфасил ду навъ мешавад:

  1. Хулосабарории мунфасили холис.
  2. Хулосабарории мунфасили қатъӣ.

Хулосабарорие, ки муқаддимаи калон, муқаддимаи хурд ва хулосааш муҳокимаҳои мунфасил аст, хулосабарории мунфасили холис номида мешавад.

Формулаи хулосабарории мунфасили холис чунин аст:
A — ё B, ё C аст;
C — ё D, ё E аст.
Пас,
A — ё B, ё D, ё E аст.

Мисол:
Формацияҳои ҷамъиятӣ-иқтисодӣ ё бесинф (коммунистӣ), ё синфӣ мешаванд.
Формацияҳои ҷамъиятӣ-иқтисодии синфӣ ё ғуломдорӣ, ё феодалӣ ва ё капиталистӣ мешаванд.
Пас, формацияҳои ҷамъиятӣ-иқтисодӣ ё ғуломдорӣ, ё феодалӣ, ё капиталистӣ ва ё коммунистӣ мешаванд.

Дар хулосабарории мунфасили қатъӣ муқаддимаи калон муҳокимаи мунфасил буда, муқаддимаи хурд муҳокимаи қатъӣ мебошад, пас, хулоса ҳам муҳокимаи қатъӣ мешавад.

Хулосабарории мунфасили қатъӣ ду намуд дорад. Намуди якуми хулосабарории мунфасили қатъӣ хулосабарории мунфасили қатъии тасдиқии инкорӣ ном дорад. Яъне дар ин ҷо ба воситаи тасдиқ инкор карда мешавад. Дар намуди якуми хулосабарории мунфасили қатъӣ муқаддимаи калон муҳокимаи мунфасил буда, муқаддимаи хурд муҳокимаи қатъии тасдиқӣ мебошад, дар ин сурат хулоса муҳокимаи қатъии инкорӣ мешавад.

Формулаи намуди якуми хулосабарории мунфасили қатъӣ ба таври зерин ифода меёбад:
A — ё B, ё C, ё D аст.
A — B нест.
Пас, A — C ва D намебошад.

пешина
аз 192
навбатӣ