Мантиқ

Китоби дарсии мазкур ба омӯзиши илми мантиқ ва масъалаҳои марбут ба он бахшида шудааст. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 192 саҳифа
Масалан:
Студентони курси мо аз забонҳои хориҷӣ ё забони ҳиндӣ, ё забони арабӣ, ё забони форсиро меомӯзанд.
Маълум шуд, ки студентони курси мо забони ҳиндиро меомӯхтаанд.
Пас, студентони курси мо забонҳои арабию форсиро намеомӯзанд.
Мисоли дигар:
Ин рубоиро ё Рӯдакӣ, ё Дақиқӣ ва ё Балхӣ навиштааст.
Ин рубоиро Рӯдакӣ навиштааст.
Пас, ин рубоиро Дақиқӣ ва Балхӣ навиштаанд.
Дар намуди дуюми хулосабарории мунфасили қатъӣ, муқаддимаи калон муҳокимаи мунфасил буда, муқаддимаи хурд муҳокимаи қатъии инкорӣ мебошад ва хулоса муҳокимаи қатъии тасдиқӣ мешавад. Ин намуди дуюми хулосабарории мунфасили қатъӣ хулосабарории мунфасили қатъии инкорӣ-тасдиқӣ номида мешавад. Яъне дар ин ҷо ба воситаи инкоркунӣ тасдиқ карда мешавад.
Формулан намуди дуюми хулосабарории мунфасили қатъӣ ба таври зерин ифода меёбад.
А — ё В, ё С ва ё Д аст;
А — С ва Д намебошад.
Пас, А — В мебошад.
Масалан:
Мубтадои грамматикии ин ҷумлаҳои таҳлилшаванда ё исм, ё ҷонишин ва ё шумора мебошад.
Мубтадои грамматикии ин ҷумлаҳо ҷонишин ва шумора намебошанд.
Пас, мубтадои грамматикии ин ҷумлаҳо исм мебошад.
Мисоли дигар:
Ин кори ҷиноятиро ё шахси А, ё шахси Б, ё шахси В содир кардааст.
Дар натиҷаи тафтиш маълум гардид, ки ин кори ҷиноятиро шахси Б ва шахси В содир накардааст.
Пас, ин кори ҷиноятиро шахси А содир кардааст.
Ин гуна шаклҳои хулосабарорӣ дар ҳар гуна соҳаҳои илмӣ-тадқиқотӣ ба кор бурда мешаванд. Чунончи, тадқиқотчии адабиёт, таърихшинос бо мақсади муқаррар кардани муаллифи ягон асари дастнависи қадимӣ дар асоси омӯхтани асарҳои муайян чунин муҳокимаро кор мефармояд, ки мувофиқи он муаллифи ҳамин дастнавис ё шоири Б, ё шоири В, ё шоири Г мебошад. Ин муҳокимаи мунфасил муқаррар намудани муаллифи асарро хеле осон мекунад. Аз тадқиқотҳои оянда маълум мегардад, ки шоири Б ва шоири В муаллифи ҳамон асар намебошанд. Пас, тадқиқотчӣ аз хулосабарории мунфасил истифода бурда, муқаррар мекунад, ки муаллифи ҳамон дастнавис шоири Г мебошад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё