Зеҳн
Мантиқ

Китоби дарсии мазкур ба омӯзиши илми мантиқ ва масъалаҳои марбут ба он бахшида шудааст. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 192 саҳифа

ИлмТаҳсилот
Аз аввал хондан

Ҳамин тариқ, тадқиқотчиён дар процесси тафаккур, аз хулосабарории мунфасил барои корҳои тадқиқотии илмӣ ва амалӣ истифода мебаранд.

§ 9. ХУЛОСАБАРОРИИ ШАРТИЮ МУНФАСИЛ

Дар хулосабарориҳои шартию мунфасил муқаддимаҳо муҳокимаи шартию мунфасил мешавад. Дар баъзе хулосабарориҳои шартию мунфасил муқаддимаи калон аз ду ё аз ду зиёд муҳокимаҳои шарти иборат бошад, пас муқаддимаи хурд муҳокимаи мунфасил мешавад. Ин гуна хулосабарориҳои шартию мунфасилро хулосабарориҳои лемматикӣ меноманд.

Хулосабарориҳои лемматикӣ якчанд шакл доранд:

а) Дилемма. Яке аз шаклҳои хулосабарории лемматикӣ дилемма мебошад. Муқаддимаҳои дилемма аз муҳокимаҳои шартӣ ва мунфасил иборатанд.

Аз хулосабарории дилеммавӣ ду хел хулоса баровардан мумкин аст, ки ҳар дуи онҳо ҳам ҷиҳатҳои манфӣ доранд. Ин ду хулосаи баровардашуда, альтернативҳо номида мешавад. Дар дивад, зеро роҳи сеюми ҳал кардани масъала вуҷуд надорад.

Дилемма ду навъ мешавад:

  1. Дилеммаи созанда (конструктивӣ).
  2. Дилеммаи вайронкунанда (деструктивӣ).

Дар дилеммаи созанда, муқаддимаи калон дар намуди альтернативҳо ду шартро муқаррар менамояд ва аз ин ду шарт ду ду шартро муайян мекунад, хулосаи он муҳокимаи мунфасил мешавад.

Формулаи дилеммаи созанда чунин ифода меёбад:
Агар А — Б бошад, он гоҳ А — В мешавад,
агар А — Г бошад, он гоҳ А — Е мешавад.
А — ё Б ва ё Г мешавад.


Пас, А — ё В ва ё Е мешавад.

Масалан, дар арафаи имтиҳон студент мумкин аст ин тавр андеша кунад: «Агар ман дар арафаи имтиҳон шаб хоб накарда хонда бароям, он гоҳ истироҳат накарда, ба имтиҳон монда шуда меоям; агар ман хонда набароям, он гоҳ ба имтиҳон тайёрӣ дида наметавонам. Лекин дар арафаи имтиҳон ман ё мехонам, ё истироҳат мекунам. Пас, ман ё истироҳат накарда ба имтиҳон монда шуда ҷавоб медиҳам, ё ба имтиҳон бе тайёрӣ меоям» (яъне студент дар ин ҳар ду маврид ҳам бад ҷавоб медиҳад).

Мисоли дигар: шахсе ки китоби хуберо пайдо карданист, вай чунин фикр мекунад: «Агар ман пул медоштам, ин китоби хубро мехаридам ва агар ман одами бевичдон мебудам, ҳамин китоби хуби китобхонаро аз худ мекардам. Ҳоло ман ин китобро

пешина
аз 192
навбатӣ