Зеҳн
Мантиқ

Китоби дарсии мазкур ба омӯзиши илми мантиқ ва масъалаҳои марбут ба он бахшида шудааст. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 192 саҳифа

ИлмТаҳсилот
Аз аввал хондан

нахаридаам ва на аз худ кардаам, пас ман на одами пулпок мебошам ва на одами бевиҷдон ҳастам».

Дар дилеммаи вайронкунанда муқаддимаи калони муҳокимаи шартии махсусе мебошад, ки асоси ин муҳокима асоси муқаррарӣ буда, натиҷаи ин муҳокима — муҳокимаи мунфасил мебо- шад; муқаддимаи хурд имконпазирии ин ду натиҷаи аз он муҳокима барояндаро инкор мекунад ва дар хулоса асос рад кар- да мешавад.

Формулан дилеммаи вайронкунанда ин тавр ифода меёбад.
Агар А — Б бошад, он гоҳ В ва ё Г намешавад.
А — на В ва на Г мебошад.
Пас, А — Б намешавад.

Мисол:
Агар ҷумлаи грамматикӣ муҳокимаро ифода кунад, пас вай ё ҳақ ва ё дурӯғ мешавад.
Ин ҷумла на ҳақ ва на дурӯғ аст.
Пас, ин ҷумлаи грамматикӣ муҳокимаро ифода намекунад.

Ғайри аз дилемма чунин хулосабарориҳои лемматикие мав- ҷуданд, ки дар онҳо ду қарор не, балки се ё аз се зиёд қарорҳо- ро ҳамчун хулоса баровардан мумкин аст.

Хулосабарории шартию мунфасил, ки аз вай се қарор ба- ровардан имконпазир мебошад, трилемма ном дорад.

Агар аз хулосабарориҳои шартию мунфасил аз се қарор зи- ёдтар қарорҳо ба тарзи хулоса бароварда шавад, ин гуна ху- лосабарориҳои шартию мунфасил полилемма ном доранд.

Барои трилемма хулосабарории зерин мисол шуда метаво- над. Шахси бевиҷдоне, ки ба ягон хатогӣ роҳ додааст, чунин фикр мекунад: «Агар ин рафиқи ман, ки аз хатогии ман хабар- дор аст, агар вай дӯсти ман бошад, пас ба ман барои ба хатоги- ам иқрор шудан ва дар оянда айбамро ислоҳ карданам ёрӣ мера- сонад; агар вай худаш одами гунаҳкор бошад, айбамро мепӯшо- над ва агар вай одами бевиҷдон бошад, маро сафед мекунад. Лекин ин шахс на ба иқрор шудани хатогинам ва ислоҳ кардани он маслиҳат дод, на айбамро пӯшонданӣ шуд ва на маро сафед карда нишон дод, пас, вай на дӯсти ман аст, на худаш гунаҳкор ва на одами бевиҷдон мебошад».

Чунинанд навъҳои асосии хулосабарории шартию мунфасил.

§ 10. ХУЛОСАБАРОРИИ МУХТАСАР ВА МУФАССАЛ

Дар прцесси тафаккур на ҳамеша тамоми қисмҳои таркибии хулосабарорӣ ифода карда мешавад. Аксар вақт яке аз қисмҳои таркибии хулосабарорӣ баён карда нашуда, фикран ба назар дошта мешавад. Бинобар ин, аксар вақт хулосабарории мухтасар ба кор бурда мешаванд.

пешина
аз 192
навбатӣ