Мантиқ

Китоби дарсии мазкур ба омӯзиши илми мантиқ ва масъалаҳои марбут ба он бахшида шудааст. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 192 саҳифа
Хулосабарорие, ки яке аз қисмҳои таркибиаш изҳор нашуда, вале фикран ба назар дошта мешавад, замир (энтимема) ном дорад. Замир се намуд дорад.
Намуди якуми замир чунин хулосабарории мухтасарест, ки дар вай муқаддимаи калон изҳор карда нашуда, фикран ба назар дошта шудааст. Формулан намуди якуми замир чунин аст:
$S-M$ мебошад, пас $S-P$ мебошад;
ё ки $S-P$ мебошад, чунки $S-M$ аст.
Мисол: Ин шахс марксист аст.
_______________________________ Пас, ин шахс партиявияти адабиётро эътироф менамояд.
Дар ин ҷо муқаддимаи калон: «Ҳамаи марксистон партиявияти адабиётро эътироф менамоянд» изҳор карда нашуда, фикран дар назар дошта шудааст.
Агар ҳамаи қисмҳои таркибии ин хулосабарориро барқарор намуда, ифода кунем, чунин мешавад:
Ҳамаи марксистон партиявияти адабиётро эътироф менамоянд.
Ин шахс марксист мебошад.
_____________________________________________________ Пас, ин шахс партиявияти адабиётро эътироф менамояд.
Мисоли дигар, ин шахс марксист нест, чунки вай партиявияти адабиётро эътироф намекунад. Ин мисол бо нақшаи зерин ифода меёбад:
$S-M$ нест, пас, $S-P$ намебошад.
Намуди дуюми замир чунин хулосабарории мухтасаре мебошад, ки дар вай муқаддимаи хурд баён карда нашуда, фикран дар назар дошта мешавад.
Формулан намуди дуюми замир ин тавр ишора карда мешавад:
$M-P$ мебошад, пас, $S-P$ аст, ё ки; $S-P$ аст, чунки $M-P$ мебошад.
Мисол: Ҳамаи марксистон диктатураи пролетариатро эътироф менамоянд, пас, ин шахс ҳам диктатураи пролетариатро эътироф мекунад.
Дар ин замир муқаддимаи хурд: «Ин шахс марксист мебошад» партофта шуда, вале фикран дар назар дошта шудааст. Агар ҳамаи қисмҳои таркибии ин хулосабарорӣ баён карда шаванд, ин тавр мешавад:
Ҳамаи марксистон диктатураи пролетариатро эътироф мекунанд.
Ин шахс марксист мебошад.
____________________________________________________ Пас, ин шахс диктатураи пролетариатро эътироф мекунад.
Мисол барои ҳамин гуна намуди замире, ки аз вай хулосаи инкорӣ мебарояд:
«Ҳамаи пешқадамони истеҳсолот нормаҳои худро барзиёд иҷро мекунанд, пас, ин одам пешқадами истеҳсолот намебошад».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё