Мантиқ

Китоби дарсии мазкур ба омӯзиши илми мантиқ ва масъалаҳои марбут ба он бахшида шудааст. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 192 саҳифа
Дар ин замир муқаддиман хурд «Ин одам нормаҳои худро барзиёд иҷро намекунад», изҳор карда нашуда, фақат ба назар дошта шудааст.
Ҳамаи қисмҳои таркибии ин хулосабарорӣ баён карда ша- вад, чунин намудро мегирад:
Ҳамаи пешқадамони истеҳсолот нормиҳои худро барзиёд иҷро мекунанд.
Ин одам нормаҳои худро барзиёд иҷро намекунад.
_______________________________________________ Пас, ин одам пешқадами истеҳсолот намебошад.
Замири муқаддиман хурдаш партофташудае, ки аз вай ху- досан инкорӣ бароварда мешавад, бо формулаи зерин ишора кардан мумкин аст.
$M-P$ мебошад, пас $S-P$ нест.
Намуди сеюми замир чунин хулосабарории мухтасаре мебо- шад, ки дар вай хулоса изҳор карда нашуда, вале фикран ба назар дошта мешавад.
Ин намуди сеюми замир бо формулаи зерин ифода меёбад:
$S-M$ мебошад, $M-P$ аст.
М и с о л: Ҳамаи комсомолон дар хониш барои дигар хонан- дагон ибрат мешаванд, ту комсомол ҳастӣ.
Дар ин замир хулоса «Ту бояд барои дигар хонандагон иб- рат шавӣ» баён нашуда, балки фикран дар назар дошта шудааст.
Агар ҳамаи қисмҳои таркибии ин хулосабарорӣ ифода ёбанд, чунин намудро мегирад:
Ҳамаи комсомолон дар хониш барои дигар хонандагон ибрат мешаванд.
Ту комсомол ҳастӣ.
_______________________________________________ Пас, ту бояд барои дигар хонандагон ибрат шавӣ.
Мисрол барои ҳамин гуна намуди замире, ки аз вай хулосаи инкорӣ мебарояд:
Ҳамаи талабагони аълохони ҳақиқӣ боинтизом мебошанд, ту боинтизом нестӣ.
Дар ин ҷо хулоса «Ту талабаи аълохони ҳақиқӣ намебошӣ» баён нашуда, балки фикран ба назар дошта шудааст.
Ҳамин гуна намуди замире, ки аз вай хулосаи инкорӣ меба- рояд, бо ин тавр формула ифода меёбад:
$S-M$ намебошад, $M$ бошад $P$ аст.
Дар процесси тафаккур одатан мо бештар хулосабарориҳои алоҳидаро ба кор набурда, балки як хулосабарориро бо дигар хулосабарорӣ вобаста карда ва хулосабарории дуюмро бо ху- лосабарории сеюм вобаста менамоем ва ҳказо. Дар ин гуна пайвастшавиҳои хулосабарорӣ хулосаи хулосабарории якум му- каддиман хулосабарории дуюм мешавад, хулосаи хулосабаро- рии дуюм мукаддиман хулосабарории сеюм мешавад ва ҳказо.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё