Мантиқ

Китоби дарсии мазкур ба омӯзиши илми мантиқ ва масъалаҳои марбут ба он бахшида шудааст. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 192 саҳифа
Чунин хулосабарории муфассале, ки дар он хулосаи хулосабарории аввали муқаддимаи хулосабарории соний мебошад, полисиллизм, яъне силлогизми муфассал ном дорад.
Силлогизмҳои муфассал ду навъ мешаванд: 1) силлогизмҳои муфассали пешраванда (прогрессивӣ) ва 2) силлогизмҳои муфассали таназзулӣ (регрессивӣ).
Дар силлогизмҳои муфассали пешраванда хулосаи хулосабарории аввали муқаддимаи калони хулосабарории соний мешавад. Дар силлогизмҳои муфассали таназзулӣ хулосаи хулосабарории аввали муқаддимаи хурди хулосабарории соний мешавад.
Мисол барои силлогизми муфассали пешраванда (прогрессивӣ).
Ҳамаи илмҳои ҷамъиятӣ характери партиявӣ доранд.
Адабиёт яке аз илмҳои ҷамъиятӣ мебошад.
ПАС, адабиёт характери партиявӣ дорад.
Адабиёт характери партиявӣ дорад.
Назарияи адабиёт яке аз қисмҳои илми адабиёт мебошад.
Пас, назарияи адабиёт характери партиявӣ дорад.
Мисол барои силлогизми мураккаби таназзулӣ (регрессивӣ):
Халқҳои мамлакатҳои социалистӣ бунёдкорони ҷамъияти коммунистӣ мебошанд.
Мамлакатҳои халқии демократӣ мамлакатҳои социалистӣ мебошанд.
Пас, халқҳои мамлакатҳои халқии демократӣ бунёдкорони ҷамъияти коммунистӣ мебошанд.
Бунёдкорони ҷамъияти коммунистӣ — халқҳои озод ва бахтиёри ҷаҳон мебошанд.
Халқҳои мамлакатҳои халқии демократӣ бунёдкорони ҷамъияти коммунистӣ мебошанд.
Пас, ҳамаи халқҳои мамлакатҳои халқии демократӣ халқҳои озод ва бахтиёри ҷаҳон мебошанд.
Силлогизмҳои мураккаби пешраванда бо формулаи зерин ишора карда мешавад:
-
В - А аст.
С - В аст.
Пас, С - А аст. -
С - А аст;
Д - С аст.
Пас, Д - А аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё