Зеҳн
Мантиқ

Китоби дарсии мазкур ба омӯзиши илми мантиқ ва масъалаҳои марбут ба он бахшида шудааст. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 192 саҳифа

ИлмТаҳсилот
Аз аввал хондан

Силлогизмҳои мураккаби таназзулӣ бо чунин формула ифода карда мешаванд.

  1. B - A аст.
    C - B аст.

Пас, C - A мешавад.

  1. A - Д аст.
    C - A аст.

Пас, C - Д аст.

Дар процесси тафаккур баъзан яке аз муқаддимаҳои силлогизмҳои мураккаб изҳор карда нашуда, фақат фикран ба назар дошта мешавад. Силлогизмҳои мураккабе, ки дар онҳо яке аз муқаддимаҳо баён намешаванду танҳо фикран мавҷуданд, соритҳо ном доранд.

Сорит ду навъ мешавад: 1. Сорити аристотелӣ; 2. Сорити гокленӣ. Мисол барои сорити аристотелӣ.

С. Улуғзода — драматург аст.
Драматург — нависанда аст.
Нависанда — санъаткор аст.
Санъаткор — зиёӣ аст.
Зиёӣ коркуни меҳнати фикрӣ аст.
----------------------------------------------------------- Пас, С. Улуғзода коркуни меҳнати фикрӣ аст.

Дар ин пайвастшавии хулосабарориҳо муқаддимаи хурди ҳар як хулосабарории алоҳида баён нашудааст. Агар ин силлогизми ихтисор муфассал ифода ёбад, чунин мешавад:

  1. Драматург нависанда мебошад.
    С. Улуғзода — драматург аст.
    ------------------------------------------------------ Пас, С. Улуғзода нависанда аст.

  2. Нависандагон — санъаткоранд.
    С. Улуғзода нависанда аст.
    ------------------------------------------------------ Пас, С. Улуғзода санъаткор аст.

  3. Санъаткорон зиёӣ мебошанд.
    Пас, С. Улуғзода зиёӣ аст.
    ------------------------------------------------------ Пас, С. Улуғзода зиёӣ аст.

  4. Зиёӣ коркуни меҳнати ақлӣ мебошад.
    С. Улуғзода — зиёӣ аст.
    ------------------------------------------------------ Пас, С. Улуғзода коркуни меҳнати ақлӣ аст.

Дар сорити аристотелӣ одатан муқаддимаи хурд ошкоро ифода намеёбад. Дар сорити аристотелӣ хулосаи силлогизми якум муқаддимаи хурди силлогизми дуйум мешаваду вале баён карда нашуда, фикран ба назар дошта мешавад. Хулосаи силлогизми

пешина
аз 192
навбатӣ