Зеҳн
Мантиқ

Китоби дарсии мазкур ба омӯзиши илми мантиқ ва масъалаҳои марбут ба он бахшида шудааст. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 192 саҳифа

ИлмТаҳсилот
Аз аввал хондан

дуввум муқаддиман силлогизми севвум мешавад, лекин изҳор карда нашуда, фикран ба назар дошта мешавад ва ҳоказо.

Мисол барои сорити гокленӣ:
Илмҳои ҷамъиятшиносиро омӯхтан савияи маданӣ-сиёсии одамро баланд мебардорад. Илми таърих — илми ҷамъиятшиносӣ мебошад.
Таърихи СССР — яке аз қисмҳои таърихи умумӣ мебошад.
Таърихи халқи тоҷик яке аз қисмҳои таърихи СССР мебошад.

ПАС, таърихи халқи тоҷикро омӯхтан савияи маданӣ-сиёсии одамро баланд мебардорад.

Дар ин сорити гокленӣ муқаддимаи калон баён карда нашуда, фикран ба назар дошта шудааст. Агар мо ин соритро ба таври силлогизми мураккаби пурра баён намоем, чунин силлогизми мураккаби аз се хулосабарории содда иборатбуда, пайдо мешавад:

  1. Омӯхтани илмҳои ҷамъиятшиносӣ савияи маданӣ-сиёсии одамро баланд мебардорад.
    Илми таърих — илми ҷамъиятшиносӣ мебошад.

ПАС, илми таърихро омӯхтан савияи маданӣ-сиёсии одамро баланд мебардорад.

  1. Илми таърихро омӯхтан савияи маданӣ-сиёсии одамро баланд мебардорад.
    Таърихи СССР яке аз қисмҳои таърихи умумӣ мебошад.

ПАС, таърихи СССР-ро омӯхтан савияи маданӣ-сиёсии одамро баланд мебардорад.

  1. Таърихи СССР-ро омӯхтан савияи маданӣ-сиёсии одамро баланд мебардорад. Таърихи халқи тоҷик яке аз қисмҳои таърихи СССР мебошад.

ПАС, таърихи халқи тоҷикро омӯхтан савияи маданӣ-сиёсии одамро баланд мебардорад.

§ 11. ХУЛОСАБАРОРИИ МУНОСИБАТ

Ғайр аз хулосабарориҳои зикршуда, хулосабарориҳои муносибат мавҷуданд. Муқаддимаҳои ин гуна хулосабарориҳо муҳокимаҳои муносибат ташкил медиҳанд. Баъзан силлогизм ҳам аз муҳокимаҳои муносибат ташкил меёбад, лекин дар силлогизм ин гуна муҳокимаҳо аз нуқтаи назари муносибате, ки ин муҳокимаҳо ифода менамоянд, мушоҳида карда намешавад. Дар силлогизм ин гуна, муҳокимаҳои муносибат аз ҷиҳати хусусияти умумияшон, ки дар силлогизм ҳамчун асос (муқаддима) ба кор бурда шуда, аз онҳо натиҷа (хулоса) мебарояд, дида мешаванд.

Дар хулосабарории муносибат ин гуна муҳокимаҳо танҳо аз нуқтаи назари он муносибате, ки онҳо ифода менамоянд, муайян карда мешавад.
Намуди зоҳирии ин хулосабарориҳо бо силлогизм монанд бошад ҳам, фарқи ҷиддӣ дорад. Дар ин хулосабарориҳо муносибат се термин не, балки чор термин мавҷуд аст. Азбаски дар таркиби хулосабарории муносибат термини миёна вуҷуд надорад, ин хулосабарорӣ ба қоидаҳои силлогизм тобеъ нест.

Хулосабарориҳои муносибат муносибатҳои гуногуни предметро ифода мекунанд. Муносибатҳои баробарӣ ва нобаробарии предметҳо, ки бо мафҳумҳои «бештар», «камтар», «болотар», «пасттар» ва ғайра баён карда мешаванд, муносибатҳои ҳамзамонӣ, пасу пеш ба миён омадани воқеаро ифода менамоянд.

Масалан:
Диаметри кураи А бо диаметри кураи Е баробар аст.
Диаметри кураи В бо диаметри кураи С баробар аст.
Пас, диаметри кураи А бо диаметри кураи С баробар аст.

Хулосабарории зикршуда хулосабарории муносибат буда, муқаддимаҳо ва хулосаи он чунин муҳокимаҳои муносибат мебошанд, ки онҳо баробарии предметҳоро ифода мекунанд.

Асоси ин гуна хулосабарориҳо қоидаи умумии зерин ташкил медиҳад: ду предмете, ки аз ягон ҷиҳат бо чизи сеюм баробаранд, дар айни замон онҳо бо якдигар низ баробаранд.

Ин гуна хулосабарориҳо баробарӣ на фақат баробарии ҳаҷм, балки баробарии сохт ва таркиби предметҳо, баробарии овозҳои (садоҳои) нутқ, мусиқӣ ва аз ҷиҳати дигар баробарии предметҳоро ифода менамоянд.

пешина
аз 192
навбатӣ