Зеҳн
Мантиқ

Китоби дарсии мазкур ба омӯзиши илми мантиқ ва масъалаҳои марбут ба он бахшида шудааст. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 192 саҳифа

ТаҳсилотИлм
Аз аввал хондан

Ин гуна хулосабарориҳои муносибат бештар дар соҳаи математика, дар соҳаи забоншиносӣ, таърих ва дигар соҳаҳои илм ба кор бурда мешаванд.

Дар хулосабарориҳои муносибати нобаробари дараҷаҳои гуногуни нобаробарии предметҳо ифода меёбанд:

Мисол:

Шаҳри Душанбе аз шаҳри Ленинобод калонтар аст.
Шаҳри Тошкент аз шаҳри Душанбе калонтар аст.

ПАС, шаҳри Тошкент аз шаҳри Ленинобод калонтар аст.

Ё ки Абдураҳмони Ҷомӣ аз Алишери Навоӣ пештар таваллуд ёфтааст.
Алишери Навоӣ аз Ҳилолӣ пештар таваллуд ёфтааст.

Пас, Абдураҳмони Ҷомӣ аз Ҳилолӣ пештар таваллуд ёфтааст.

Мисоли дигар:

Хуҷанд аз Кӯлоб қадимтар аст.
Кӯлоб аз Душанбе қадимтар аст.

Пас, Хуҷанд аз Душанбе қадимтар аст.

Ҳамин тариқ, дар қатори силлогизм хулосабарории муносибат мавҷуданд, ки илми мантиқ навъҳои гуногуни онҳоро омӯхта, қоидаҳои онҳоро муайян мекунад.

пешина
аз 192
навбатӣ