Мантиқ

Китоби дарсии мазкур ба омӯзиши илми мантиқ ва масъалаҳои марбут ба он бахшида шудааст. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 192 саҳифа
БОБИ VIII
ХУЛОСАБАРОРИИ ИНДУКТИВӢ
§ 1. ТАЪРИФИ ХУЛОСАБАРОРИИ ИНДУКТИВӢ
Хулосабарории индуктивиро одатан индукция меноманд. Индукция ҳамчун хулосабардорӣ аз якчанд ҷиҳатҳо аз хулосабарории дедуктивӣ фарқ дорад.
Фарқи муҳими хулосабарории индутивӣ аз хулосабарории дедуктивӣ аз он иборат аст, ки дар индукция аз донишҳо, муқаддимаҳои якка ва ҷузъӣ хулосаи умумӣ мебароранд. Хулосаи индукция ҳамеша аз ҷиҳати умумияти ҳаҷми худ нисбат ба муқаддимаҳо васеътар, калонтар мебошад. Ғайр аз ин хулосаи индукцияи ҳақиқӣ доимо тахминан ҳақ мешавад. Бо ёрии хулосабарории индутивӣ ҳеҷ гоҳ дониши ҳақиқии эътибориюк пайдо карда наметавонем. Чунки агар дар муқаддимаҳои индукция фикр дар бораи ҳиссаи муайяни баъзе предметҳо, чизҳо равад, дар хулосаи ин хулосабардорӣ фикр дар бораи ҳамаи предметҳои ҳамон ҷинс меравад. Бинобар ин, хулосабарории индутивӣ дониши моро зиёд ва васеъ менамояд, зеро агар муқаддимаҳо дониш дар бораи як қисми ҷинси предметҳои муайян бошанд, хулосаи индукция дониши ҳамаи предметҳои ҳамон ҷинс мебошад.
Дар олами моддӣ предмет ва ҳодисаҳои алоҳида мавҷуданд. Ин предмет ва ҳодисаҳои алоҳида дорои ҷиҳатҳои умумӣ мебошанд. Ҷиҳатҳои умумии предметҳо моҳият, қонунияти онҳоро ташкил медиҳанд. Ҳамин ҷиҳатҳои умумӣ, яъне моҳият, қонуниятҳои предмет ва ҳодисаҳои олами моддӣ бо ёрии хулосабарории индутивӣ дониста гирифта мешаванд.
Эҷодкорони таълимоти марксизм-ленинизм аҳамияти муҳими хулосабарории индуктивиро доимо таъкид мекарданд. Дар баробари ин онҳо ҳамеша мефаҳмонанд, ки донише ки бо ёрии индукция ба вуҷуд меояд, тахминан ҳақ аст ва ҳақиқати мутлақ шуда наметавонад. В. И. Ленин дар қайдҳои философӣаш дар бораи индукция таваққуф намуда чунин гуфтааст: «Ҳақиқати бағоят оддӣ, ки бо роҳи бағоят оддии индутивӣ ҳосил шудҷ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё