Мантиқ

Китоби дарсии мазкур ба омӯзиши илми мантиқ ва масъалаҳои марбут ба он бахшида шудааст. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 192 саҳифа
бошад, ҳамеша нопурра аст, зеро таҷриба ҳамеша нотамом мебошад»1.
Дар ҳақиқат таърихи илм шаҳодат медиҳад, ки донишҳое ки бо ёрии хулосабарории индуктивӣ пайдо гардидаанд, дар зарфи даҳҳо, садҳо солҳо ҳамчун ҳақиқати раднашавандаи эътиборнок ба шумори мерафт, вале таҷриба ғалат будани онҳоро нишон дод.
Масалан, олимон дар натиҷаи борҳо дар ҷойҳои гуногун мушоҳида кардани мурғи қу ба хулосае омада буданд, ки «Ҳамаи мурғони қу пари сафед доранд».
Ин хулосаи индуктивӣ дар бораи ранги сафед доштани мурғи қу дар зарфи чандин солҳо ҳамчун ҳақиқати раднашаванда дониста мешуд. Вале сонитар олимон дар соҳилҳои Австралия мурғони қуро дидаанд, ки парҳои сиёҳ ҳам доштанд ва бо ҳамин ғалат будани хулосаи индуктивии зикршуда маълум гардид.
Индукция чунин хулосабарории бавосита мебошад, ки дар вай аз донишҳо, муқаддимаҳои ҷузъӣ хулосаи умумӣ мебарояд ва хулосааш доимо характери эҳтимолӣ дорад.
Хулосабарории индуктивӣ аз ҷиҳати сохти таркибиашон ва хулосавиашон, ба ду навъ тақсим мешавад:
- Хулосабарории индуктивии мукаммал.
- Хулосабарории индуктивии номукаммал.
§ 2. ИНДУКЦИЯИ МУКАММАЛ
Бо ёрии хулосабарории индуктивӣ одатан фактҳо, воқеаҳои мушоҳидашаванда ва тадқиқшаванда ҷамъбаст карда мешаванд.
Дар олами моддӣ миқдори фактҳо, воқеаҳо, ҳодисаҳои мушоҳидашаванда, тадқиқшаванда ё кам аст ё бисёру беохир аст.
Агар фактҳо, ҳодисаҳои миқдорашон нисбатан маҳдуд ҷамъбаст карда шаванд, дар ин маврид хулосабарории индуктивии мукаммал ба кор бурда мешавад ва агар тадқиқ кардани фактҳо, ҳодисаҳои миқдорашон хеле бисёру лозим шавад, пас хулосабарории индуктивии номукаммал ба кор бурда мешавад.
Вақте ки мо индуксияи мукаммалро ба кор мебарем, пеш аз ҳама, миқдори факт ва ҳодисаҳои ҷинси предметҳои омӯхтанстода, тадқиқшавандаро бояд аниқ кунем ва баъд аз он ба ҳар як предмети ҷинси тадқиқшаванда хос будани хусусият, нишонаи ҷамъбастшавандаро ошкор кунем.
Масалан:
РСФСР Конституцияи худро дорад.
Республикаи Советии Социалистии Украина Конституцияи худро дорад.
1 В. И. Ленин. Асарҳо, ҷилди 38, саҳ. 179.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё