Зеҳн
Мантиқ

Китоби дарсии мазкур ба омӯзиши илми мантиқ ва масъалаҳои марбут ба он бахшида шудааст. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 192 саҳифа

ИлмТаҳсилот
Аз аввал хондан

Рспубликаи Советии Социалистии Белоруссия Конституцияи худро дорад.
Республикаи Советии Социалистии Ӯзбекистон Конституцияи худро дорад.
Республикаи Советии Социалистии Тоҷикистон Конституцияи худро дорад. Дигар республикаҳои Советӣ ҳам ҳамин тавр.
РСФСР, Украина, Белоруссия, Ӯзбекистон, Тоҷикистон ва дигар республикаҳо — Республикаҳои иттифоқӣ мебошанд.

Пас, аз ин хулоса бароварда мешавад, ки «Ҳамаи республикаҳои иттифоқӣ конституцияи худро доранд».

Мисоли дигарро мебинем: адабиёти бадеиро омӯхта истода ба чунин хулоса меоем, ки адабиёти бадеӣ воситаи тавонои донистан ва аз нав сохтани олам мебошад. Мусиқӣ, театр, кино, рассомӣ ва дигарҳо низ воситаи тавонои дониста гирифтан ва аз нав сохтани олам аст. Ҳамаи навъҳои санъатро ба назар гирифта хулоса бароварда мегӯем, ки «Санъат воситаи тавонои дониста гирифтан ва аз нав сохтани олам мебошад».

Бо ёрии индуксияи мукаммал ҳамчун хулоса на фақат муҳокимаи тасдиқӣ, балки муҳокимаи инкорӣ ҳам баровардан мумкин аст. Агар муқаддимаҳо муҳокимаҳои тасдиқӣ бошанд, пас, хулоса ҳам муҳокимаи тасдиқӣ мешавад ва агар муқаддимаҳо муҳокимаи инкорӣ бошанд, пас, хулоса ҳам муҳокимаи инкорӣ мешавад. Чунончи, дар вақти кофтукови археологӣ тангаҳои қадимиро омӯхта истода ба хулосае меоем, ки ҳеҷ як кадом аз он тангаҳои ёфтаамон дар асри V сохта нашудаанд.

Мисоли дигар: дастинависҳо, асарҳои ягона шоири гузаштаро алоҳида-алоҳида тадқиқ карда истода, ба хулосае меоем, ки «ин шоир ба воситаи фалон вазн шеър нанавиштааст».

Индукцияи мукаммал чунин хулосабарории бавосита мебошад, ки бо ёрии он дар асоси омӯхтани ҳамаи предметҳои (навъҳои) ҷинси муайян хулосаи умумӣ бароварда мешавад.

Индукцияи мукаммал бо формулаи зерин ишора карда мешавад:
A - P аст.
B - P аст.
C - P аст.
A, B, C ҳамаи навъҳои S-ро ташкил медиҳанд.
Пас, ҳамаи S-ҳо P мебошанд.

Дар асоси омӯхтани предметҳо, навъҳои алоҳида ба воситаи индуксияи мукаммал дониши умумӣ пайдо мекунем.

Индуксияи мукаммал аз ҷамъбасткунии оддӣ фарқ дорад. Аз муқаддимаҳои дар боло зикршуда дониши ҷамъбастгардидаи зерин пайдо мешавад:
A - P аст.
B - P аст.
C - P аст.
Пас, А, В, С-P мебошанд.

пешина
аз 192
навбатӣ