Мантиқ

Китоби дарсии мазкур ба омӯзиши илми мантиқ ва масъалаҳои марбут ба он бахшида шудааст. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 192 саҳифа
Ин мисол хулосабарории индуктивӣ набуда, балки вобастакунӣ, ҷамъбасткунии оддӣ мебошад.
Бо ёрии индуксияи мукаммал дониши умумии эътиборнок пайдо мекунем.
Дар таърихи илми мантиқ дар бораи аҳамияти донишбахшии индукцияи мукаммал байни мантиқшиносон баҳсу мунозира мерафт. Баъзе мантиқшиносон индукцияи мукаммалро ҷамъбасткунии оддӣ дониста, онро ҳамчун хулосабарории эътироф намекарданд.
Вале индукцияи мукаммал хулосабарории бавоситае мебошад, ки бо ёрии он дониши нав пайдо мекунем. Дониши умумие ки бо ёрии индукцияи мукаммал дар бораи ҷинси муайяни предметҳо пайдо менамоем, аз ҷамъбасткунии муҳокимаҳое, ки предметҳои алоҳидаро ифода менамоянд, тамоман фарқ мекунад.
Дониши умумие, ки бо ёрии индукцияи мукаммал бароварда мешавад, на танҳо ҷамъи донишҳо дар бораи предметҳои алоҳидаи ҳамин ҷинс, балки ин дониши умумӣ таърифи ҳамин ҷинсро то як дараҷа ҳам дар бар мегирад. Ба воситаи индукцияи мукаммал аз донишҳои ҷузъӣ ба донишҳои умумӣ мегузарем.
Баъзан бо ёрии индукцияи мукаммал аз омӯхтан, дониста гирифтани қисмҳои ягон предмет ба дониста гирифтани худи ҳамон предмет мегузарем. Дар рафти омӯхтани қисмҳои ягон чиз муқаррар карда мешавад, ки ба ҳар як қисми чизи мазкур нишонаи муайян, хусусият хос аст, пас, аз ин хулоса бароварда мешавад ва ҳамин нишона, хусусият ба худи ҳамон чиз хос аст. Масалан, кори ҳар як бригадаи пахтакори фалон колхозро омӯхта истода, мебинем, ки ҳар кадоми ин бригадаҳо ӯҳдадориро ба зиммаи худ гирифтаашро иҷро кардааст, пас, аз ин хулоса бароварда мешавад, ки колхози мазкур ӯҳдадории гирифтаашро иҷро намудааст.
Дар ин гуна маврид дар бораи ҷинси мазкури предметҳо не, балки дар бораи предмети алоҳида хулоса бароварда мешавад.
Индукцияи мукаммал омӯхтан, тадқиқ намудани ҳамаи фактҳо, предметҳои алоҳидаи ҷинси муайянро талаб менамояд. Вале мо дар вақти тадқиқу омӯзиш бо чунин предмет, ҳодисаҳо вомехӯрем, ки миқдори онҳо хеле бисёр мебошанд. Дар ин гуна мавридҳо на индукцияи мукаммал, балки индукцияи номукаммалро ба кор мебарем.
§ 3. ИНДУКЦИЯИ НОМУКАММАЛ
Индукцияи номукаммал хулосабарории бавосита мебошад. Дар индукцияи номукаммал ҳам аз фактҳо, муҳокимаҳои якка, ҷузъӣ хулосаи умумӣ бароварда мешавад, яъне дар ин ҷо ҳам аз дониши ҷузъӣ ба дониши умумӣ мегузарем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё