Зеҳн
Мантиқ

Китоби дарсии мазкур ба омӯзиши илми мантиқ ва масъалаҳои марбут ба он бахшида шудааст. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 192 саҳифа

ИлмТаҳсилот
Аз аввал хондан

Фарқи индуксияи номукаммал аз индуксияи мукаммал аз он иборат аст, ки дар ин ҷо дар асоси омӯхтан, тадқиқ намудани баъзе предметҳо ва навъҳо хулосаи умумӣ бароварда мешавад. Маълум аст, ки дар индуксияи мукаммал барои ин ки мо дар бораи ҷинси муайяни хулосаи умумӣ барорем, бояд ҳамаи предмет, навъҳои ҷинси мазкурро омӯзем.

Дар индуксияи номукаммал бошад, фақат дар асоси омӯхтан, тадқиқ намудани баъзе предметҳо, навъҳо, дар бораи ҳамин ҷинс хулосаи умумӣ бароварда мешавад.

Дар олам ҷинси муайяни предметҳо предметҳои тоқа ва навъи бисёреро дар бар мегирад ва ҳамаи он предметҳои алоҳидае ки ҳамон ҷинси предметҳо дар бар мегирад, ба ҳисоб гирифтан, омӯхтан имконнопазир аст. Аз ин сабаб дар бораи ҷинси предметҳо дар асоси омӯхтани танҳо баъзе предметҳои алоҳида хулоса мебарорем.

Масалан, дар натиҷаи мушоҳида мебинем, ки ба баъзе предметҳо нишонаи муайяни хос мебошад, пас, аз ин ҷо хулоса мебарорем, ки ба ҳамаи предметҳои ҷинси мазкур ҳамин гуна нишона хос аст.

Борҳо такрор шудани ҳодисаҳо ба ҳамдигар монанд мушоҳида карда шаванд, аз ин хулоса бароварда мешавад, ки ҳамин ҳодиса ҳамеша ба вуҷуд меояд. Масалан, баъзан баъди фурӯ рафтани офтоб осмон ранги сурхтоб пайдо карда дар рӯзи дигар вазидани шамол мушоҳида карда мешавад. Аз ин хулоса бароварда мегӯем, ки шафақи шом сурхтоб шавад, пас дар рӯзи дигар шамол мешавад. Монанди ҳамин чунин мақоли халқ «Абр агар аз қибла хезад, сахт борон мешавад» ба миён омадааст. Монанди ҳамин, халқ дар ҳаёти худ беадолатии шоҳони ҷамъияти гузаштаро дида, беадолатӣ ва қашшоқии меҳнаткашон, харобгардии мамлакатро мушоҳида карда, хулосаи худро бо чунин мақол ифода карданд: «Шоҳ агар одил набуд, мулк вайрон мешавад».

Индуксияи номукаммал, бешубҳа, дониши моро васеъ менамояд, зеро дар ин ҷо дар муқаддимаҳо фикр дар бораи баъзе предметҳо равад, дар хулоса фикр дар бораи ҳамаи предметҳои ҳамон ҷинс меравад.

Индуксияи номукаммал чунин хулосабарории бавоситаест, ки дар вай хулосаи умумӣ дар бораи ҷинси муайяни предметҳо дар асоси омӯхтани баъзе қисми муайяни предметҳои алоҳидаи ҳамон ҷинс бароварда мешавад.

Хулосабарории индуктивии номукаммал ба ду навъ тақсим мешавад:

  1. Индуксияи номукаммале, ки бо роҳи оддӣ ба ҳисоб гирифта мешаваду ба ҳодисаҳои зид вонамехӯрад (ё ки индуксияи «машҳур»).
пешина
аз 192
навбатӣ