Зеҳн
Мантиқ

Китоби дарсии мазкур ба омӯзиши илми мантиқ ва масъалаҳои марбут ба он бахшида шудааст. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 192 саҳифа

ИлмТаҳсилот
Аз аввал хондан
  1. Индукцияи ба воситаи таҳлил ва интихоби фактҳое, ки умумиятдиҳии тасодуфӣ истисно карда мешавад.

а) Индукцияи бо роҳи оддӣ ба ҳисобгиранда.

Дар ҳаёти ҳаррӯза якчанд бор такрор шудани ҳодисаҳои муайянро ба назар гирифта хулосаи умумӣ мебароранд. Барои хулосаи умумӣ баровардан, одатан, миқдори ҳамин ҳодисаҳои такроршаванда ба назар гирифта мешавад ва, агар бо ҳамин ҳодисаҳои мушоҳидагардида ягон ҳодисаи зид вохӯрад, ғалат будани хулоса ошкор мешавад. Маҳз аз ин сабаб мантиқшинос Бэкон ин навъи хулосабарории индукцияи номукаммаро — индукцияи номукаммали бо роҳи оддӣ ба ҳисоб гирифташаванда ва ҳодисаҳои зид вонахӯранда номидааст.

Масалан, дар таҷрибаи ҳаёт борҳо гурбаҳои сафеди чашми кабуддор вомехӯранд, ки онҳо кар мебошанд. Аз ин хулоса бароварда мешавад, ки «Ҳамаи гурбаҳои сафеди чашми кабуддор кар мебошанд».

Мисоли дигар: аз ҳаёти ҳаррӯза ва таҳсил фаҳмида мешавад, ки калимаҳои «Ленинград», «Қоҳира», «Лоҳутӣ», «Давлатов», «Офтоб» ва ғайра бо ҳарфи калон навишта мешаванд, маълум мегардад, ки ҳамаи ин калимаҳо исми хос мебошанд, пас мо чунин хулосаи умумиро мебарорем: «Ҳамаи исмҳои хос бо ҳарфи калон навишта мешаванд».

Бо ёрии индукция бо роҳи оддӣ ҳамчун хулоса дониши нав пайдо мекунем. Аммо дониши наве, ки ба воситаи индукцияи бо роҳи оддӣ ба ҳисобгиранда пайдо мекунем, дониши эҳтимолӣ, тахминӣ аст. Агар ҳодисаҳои бо ин роҳ ба ҳисобгиранда ҷамъбаст гардида, ягона ҳодиса, факти зид дучор шавад, ғалат будани хулоса зоҳир мегардад. Ҳақиқӣ будани хулосаи индукцияи бо роҳи оддӣ ба ҳисобгиранда танҳо ба миқдори фактҳо, ҳодисаҳои ҷамъбастшаванда алоқаманд аст. Миқдори фактҳо, ҳодисаҳои ҷамъбастгардида ҳар қадар ки бисёр бошанд, дараҷаи ҳақ будани хулосаи индукцияи бо роҳи оддӣ ба ҳисобгиранда ҳам ҳамин қадар зиёд мешавад.

Хулосаи индуксияи бо роҳи оддӣ ба ҳисобгирандаро ҳамчун дониши тахминӣ, фарзӣ эътироф намудан лозим аст. Барои фикри тахминӣ, дониши фарзӣ пайдо намудан индуксияи бо роҳи оддӣ ба ҳисобгиранда аҳамияти калони илмӣ дорад. Одатан донишҳои илмӣ дар асоси ба миён омадани фикрҳои фарозие, ки фарозия (гипотеза) ном доранд, ба вуҷуд меоянд. Аз ин сабаб индуксияи бо роҳи оддӣ ба ҳисобгиранда барои ташкилёбии фарозияҳои илмӣ аҳамияти муҳим дорад.

Азбаски бо ёрии индуксияи бо роҳи оддӣ ба ҳисобгиранда хулосаи ниҳоятдараҷа тахминӣ пайдо карда мешавад, ин навъи хулосабарорӣ воситаи исботи донишҳои илмӣ шуда наметавонад.

Бояд қайд намуд, ки индуксияи бо роҳи оддӣ ба ҳисобгиранда яке аз навъҳои индуксияи номукаммал мебошад. Ғайр аз

пешина
аз 192
навбатӣ