Зеҳн
Мантиқ

Китоби дарсии мазкур ба омӯзиши илми мантиқ ва масъалаҳои марбут ба он бахшида шудааст. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 192 саҳифа

ИлмТаҳсилот
Аз аввал хондан

ва тафовут қисмҳои таркибии он методи якҷоягиро ташкил медиҳанд. Баробар ё пайдарҳаҳ татбиқ намудани якчанд методҳо дараҷаи эҳтимолии хулосаро зиёд мекунад.

Дар методи якҷояшавӣ аввал бо ёрии методи монандӣ хулоса мебарорем ва баъд аз он ин хулосаи баровардашуда, ба воситаи методи тафовут санҷида мешавад. Масалан, навъи муайяни растаниро кошта нурии фосфат дода месанҷем. Дар натиҷа мебинем, ки ҳосили баланде гирифтаем. Дар ин ҷо ба воситаи методи монандӣ хулоса бароварда мешавад, ки сабаби ҳосили баланд натиҷаи дар замин мавҷуд будани нурии фосфат будааст. Ба воситаи методи тафовут ин хулоса санҷида мешавад, яъне тухми ҳамон растаниро ба ҳамон замин мекурему вале нурии фосфат намедиҳем ва мебинем, ки ҳосил хеле кам шудааст. Бо ҳамин хулосаи аввалине ки бо ёрии методи монандӣ бароварда шуда буд, тасдиқ мешавад.

Якҷояшавии методи монандӣ ва тафовут бо формулан зерин ифода карда мешавад.

Ҳодисаҳои муқардам:
Қатори I. Мавриди 1) ABC
Мавриди 2) ABD
Қатори II. Мавриди 1) BC
Мавриди 2) BD

Ҳодисаҳои муттаақир:
abc
abd
bc
bd

ПАС, А сабаби а мебошад

Чи навъе ки мебинем, мавридҳои қатори якӯм ифодаи хулосабарорӣ бо ёрии методи монандӣ мебошад. Ин хулосаи методи монандӣ ба воситаи методи тафовут ду бор бо ёрии муқоиса намудани мавридҳои якумини ҳар ду қатор ва мавридҳои дуюмини ҳар ду қатор тасдиқ карда мешавад.

Методи тағйироти ҳамроҳа

Баъзан барои муқаррар намудани сабаби ҳодисаи тадқиқ кардашаванда методи монандӣ ва тафовутро ба амал татбиқ намудан душвор мешавад. Дар ин гуна мавридҳо методи сеюми индукцияи илмӣ-методи тағйироти ҳамроҳа ба кор бурда мешавад.

Бо ёрии методи тағйироти ҳамроҳа ҳодисае, ки сабаби ҳодисаи тадқиқшаванда тахмин карда мешавад, тағйир дода истода дигар ҳодисаҳоро тағйир намедиҳем: агар бо тағйир ёфтани ҳамон ҳодиса (яъне ҳодисаи А) ҳодисаи тадқиқ кардашаванда (яъне а) тағйир ёбад, пас, хулоса бароварда мешавад, ки А сабаби а мебошад.

Масалан, бо ёрии ин метод таъсири Моҳро ба сатҳи Замин муайян кардан мумкин аст. Мушоҳида карда мебинем, ки дар баробари нисбат ба Замин тағйир ёфтани мавқеи Моҳ, дар Замин ҳодисаҳои муайян ба миён меоянд. Мо мебинем, ки дар баробари

пешина
аз 192
навбатӣ