Зеҳн
Мантиқ

Китоби дарсии мазкур ба омӯзиши илми мантиқ ва масъалаҳои марбут ба он бахшида шудааст. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 192 саҳифа

ИлмТаҳсилот
Аз аввал хондан

Ба формулаи дар боло ифодаёфта бо диққат нигоҳ кунем, маълум мегардад, ки мумкин аст, танҳо ҳодисаи «А» сабаби ҳодисаи «а» набуда, якҷоя кардани «А» бо «В» ё бо «С» ва ё ин ки бо ВС бошад. Бинобар ин хулосаи «А» сабаби а мебошад» пурра асоснок нест, зеро мумкин аст «А» як қисми сабаби «а»-ро ташкил диҳад.

Нисбат ба методи монандӣ методи тафовут натиҷабахш аст. Ин методи тафовут бештар дар вақти дарккунии эксперименталӣ ба кор бурда мешавад.

Хулосае, ки аз методи тафовут бароварда мешавад, тахминан ҳақ буда, ҳеҷ гоҳ тамоман ғалат намешавад ва дараҷаи ҳақ будани методи хулосаи мазкур нисбат ба дараҷаи ҳақ будани хулосаи методи монандӣ баландтар аст. Агар дар баробари ба миён гузоштани ҳодисаи «А» — ҳодисаи «а», ки сабабашро муқаррар карданием, ба амал ояд ва бо баробари нест шудани ҳодисаи «А» ҳодисаи «а» нест шавад, пас, шубҳае нест, ки дар байни ҳодисаҳои «А» ва «а» алоқаи сабабӣ пайдо мешавад.

Бо ёрии методи тафовут на фақат сабаби ҳодисаҳои тадқиқшаванда, балки натиҷаи ҳодисаҳои омӯхтаистодаро ҳам муқаррар кардан мумкин аст. Масалан, духтур одами касали ҳарорати организмаш баландшударо муолиҷа кардаистода доруи муайяниро медиҳад ва мебинад, ки баъд аз хӯрдани ин дору ҳарорати организми одами касал пасттар мешавад, пас, аз ин ҷо хулоса мебарояд, ки сабаби паст шудани ҳарорати организми нотоб хӯрдани ҳамон дору аст.

Бинобар ин, методи тафовутро чунин ифода менамоем: агар мавриде ки ҳодисаи тадқиқшаванда рӯй диҳад ва мавриде ки ҳамин ҳодиса рӯй надиҳад, ғайр аз шароит танҳо дар мавриди якум мавҷуд бошад, пас ин шароити ягонае ки ҳамин ду мавридҳо аз якдигар тафовут доранд, сабаби ҳодисаҳои омӯхташаванда аст.

Методи тафовут барои пайдо намудани дониш аҳамияти калон дорад. Ин методи индуксияи илмӣ барои ошкор намудан, дониста гирифтани алоқамандии ҳодисаҳои олами моддӣ-табиӣ ва ҷамъият васеъ ба кор бурда мешавад.

Олимон дар вақти корҳои илмӣ-тадқиқотӣ аз ин методи индуксияи илмӣ истифода бурда, ба комёбиҳои намоёни илмӣ муваффақ гардидаанд.

Якҷоя ба кор бурдани методи монандӣ ва тафовут

Дар боло мо методҳои монандӣ ва тафовутро алоҳида дида баромадем. Аммо баъзан дар вақти тадқиқот ҳар дуи ин методҳо якҷоя татбиқ карда мешавад. Якҷоягии методҳои монандӣ ва тафовут методи мураккаб ном дорад. Методҳои монанди

пешина
аз 192
навбатӣ