Зеҳн
Мантиқ

Китоби дарсии мазкур ба омӯзиши илми мантиқ ва масъалаҳои марбут ба он бахшида шудааст. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 192 саҳифа

ИлмТаҳсилот
Аз аввал хондан

мафҳумҳои ба ҳамдигар аз ягон ҷиҳат монанд (пас, предметҳои ба ҳамдигар аз ягон ҷиҳат монанд) дар байни худ тафовути калон доранд.

Ҳеҷ гоҳ монандӣ маъниашро намефаҳмонад. Ғайр аз он дар хулосаи қиёсӣ ҳамаи хусусиятҳои хулосабарории индуқтивӣ равшан дида мешаванд. Аз хулосаи қиёсӣ ҳамеша хулосаи эҳтимолӣ пайдо мешавад. Аз ин хулосабарорӣ ҳеҷ гоҳ дониши ҳақиқии эътиборнок пайдо намешавад, чунки аз ягон ҷиҳат, хусусият, монандӣ предметҳо барои аз дигар ҷиҳат, ин хусусиятҳо ва предметҳо монанд гуфта хулоса баровардан асос шуда наметавонад. Дар хулосабарории индуқтивӣ ва дар хулосаи қиёсӣ ҳам, аз муқаддимаҳои якка ва ҷузъӣ хулоса бароварда мешавад. Фарқи байни онҳо аз он иборат аст, ки ба воситаи индукция хулосаи умумӣ бароварда шавад, хулосаи қиёсӣ муҳокимаи ҷузъӣ мебошад. Дар хулосаи қиёсӣ хулоса дар асоси омӯхтани як қатор ҳодисаҳо бароварда нашуда, балки дар асоси тадқиқ намудани миқдори муайяни нишонаҳои монанд бароварда мешавад.

Азбаски хулосаи қиёсӣ ҳамеша танҳо дониши эҳтимолӣ медиҳад, бинобар ин, ин навъи хулосабарорӣ ҳамчун методи исбот ба кор бурда намешавад.

§ 2. ШАРТҲОИ ДАРАҶАИ ЭҲТИМОЛИИ ҚИЁС

Дониши эҳтимолӣ дараҷаи гуногун дорад. Бинобар ин, аҳамияти илмӣ доштани дониши эҳтимолиро дараҷаи он муайян мекунад. Дараҷаи эҳтимолии дониш ҳар қадар ки баланд бошад, аҳамияти илмии ин дониш низ ҳамон қадар баланд мегардад ва, баръакс, дараҷаи эҳтимолии дониш чӣ қадаре ки паст бошад, барои илм аҳамияти ин дониш низ ҳамон қадар кам мешавад.

Чӣ навъе ки қайд кардем, аз қиёс дониши эҳтимолӣ ҳосил мешавад. Аммо ин донишҳои эҳтимолие, ки дар натиҷаи муқоиса бароварда мешаванд, метавонанд дараҷаи кам ё зиёд дошта бошанд. Баланд бардоштани дараҷаи эҳтимолии хулосаи қиёс ба иҷрои якчанд шартҳо вобаста аст. Шартҳои зиёдкунандаи дараҷаи эҳтимолии хулосаи қиёс чунинанд:

Якум, дараҷаи эҳтимолии хулосаи қиёс бо миқдори нишонаҳои монанди предметҳои муқоисашаванда вобаста аст. Ҳар қадаре ки нишонаҳои монанди онҳо бисёр бошад, дараҷаи эҳтимолии хулоса низ ҳамон қадар баланд мешавад ва ҳар қадар, ки нишонаҳои фарқкунанда кам бошад, дараҷаи эҳтимолии хулоса ҳам ҳамон қадар баланд мегардад.

Агар муқаррар карда шавад, ки предмети В бо предмети А аз 10 нишонаҳои муқаррариаш 9 нишонаи монанд дорад, он гоҳ дараҷаи эҳтимолии хулоса дар бораи монандии ин предметҳо аз дигар ҷиҳат ба 9 : 10 баробар мешавад. Барои баланд будани дараҷаи эҳтимолии хулоса бояд нишонаҳои монанд ҳамеша инсбат

пешина
аз 192
навбатӣ