Мантиқ

Китоби дарсии мазкур ба омӯзиши илми мантиқ ва масъалаҳои марбут ба он бахшида шудааст. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 192 саҳифа
бат ба нишонаҳои фарқкунанда бештар бошад. Аммо нишонаҳои фарқкунанда набояд нишонаҳои фарқкунандаи ҷиддӣ бошанд. Агар нишонаҳои фарқкунанда ягон нишонаи фарқкунандаи ҷиддиро дар бар гиранд, пас, аз онҳо хулоса баровардан имконопазир аст. Масалан, маълум ки барои ҳаёти органикӣ дар замин мавҷуд будани обу ҳаво, дараҷаи муайяни гармию хунукӣ ҳатмист. Агар дигар ҷисмҳои осмонӣ аз ҳамин ҷиҳат бо замин тамоман фарқ кунанд, пас, дар бораи дар он ҷо ҳам мавҷуд будани ҳаёти органикӣ ягон хулосае баровардан мумкин нест.
Масалан, сайёраҳои бузург Муштарӣ (Юпитер), Зуҳал (Сатур), Уран ва Нептун бо Замин аз якчанд ҷиҳатҳо бо ҳам монанданд. Он сайёраҳо ҳам монандӣ Замин дар атрофи Офтоб чарх мезананд, курашакланд, дар он ҷо ҳам шабу рӯз мешавад ва ҳоказо. Фақат ҳамин гуна нишонаҳои монандии онҳоро ба назар гирифта ва қатъи назар аз фарқияти онҳо дар бораи дар онҳо мавҷуд будани ҳаёти органикӣ хулоса баровардан хатост. Чунки дар байни Замин ва он сайёраҳои бузург фарқи ҷиддӣ мавҷуд аст. Дар сатҳи рӯи он сайёраҳо атмосфера ниҳоятдараҷа паст, хунукӣ аз 140 дараҷа то 200 дараҷа мерасад. Дар онҳо гази метан бисёр мебошад. Сайёраҳои Муштарӣ (Юпитер) ва Зуҳал (Сатурн) бошанд, дар таркибашон аммиак доранд, ки дар ин гуна шароитҳо он ҳаёти органикӣ, ки дар Замин ҳаст, дар он ҷо вуҷуд надорад. Бинобар ин, ҳақиқат ё эҳтимолӣ будани хулоса дар бораи дар сайёраҳои зикршуда мавҷуд будани ҳаёти органикӣ хеле маҳдуд аст.
Дуюм, дараҷаи эҳтимолии хулосаи қиёс ба моҳияти нишонаҳои монанд вобаста аст. Нишонаи монанд барои предметҳои муқоиса кардаистода ҳар қадаре ки муҳимтар бошанд, дараҷаи эҳтимолии хулоса ҳам ҳамон қадар баланд мешавад.
Сеюм, дараҷаи эҳтимолии хулоса бо донистани характери нишонаҳои муқоиса кардашаванда вобаста аст.
Дар вақти тадқиқот, барои аз қиёс хулосаи дуруст баровардани шароит, қонуни соҳаҳои гуногуни олами моддӣ бояд ба назар гирифта шавад. Масалан, монандӣ биологии олами ҳайвонот ва одамро ба назар гирифта аз ҳар ҷиҳат онҳо ба ҳамдигар монанд гуфтан тамоман нодуруст аст. Баъзе ҷамъиятшиносони буржуазӣ бо мақсади ҳимоя намудани манфиатҳои синфи худ мехостанд, ки қонунияти олами ҳайвонотро ба муносибатҳои ҷамъиятии инсон татбиқ намоянд.
Меньшевикон революсияҳои буржуазии давраҳои гузаштаро бо революсияи соли 1905 рус муқоиса карда исбот кардани буданд, ки роҳбари революсия бояд танҳо буржуазияи либералӣ шавад. В. И. Ленин беасос будани ин муқоисаи меньшевиконро нишон дода, шароити нави конкретиро ба назар гирифта исбот намуд, ки дар чунин шароит синфи пролетариат бояд роҳбари революсияи демократии буржуазӣ шавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё