Мантиқ

Китоби дарсии мазкур ба омӯзиши илми мантиқ ва масъалаҳои марбут ба он бахшида шудааст. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 192 саҳифа
Хулосаи қиёсӣ дорои аҳамияти муайяни илмӣ мебошад. Як қисми комёбиҳои илмӣ бо ёрии қиёс муқаррар карда шудаанд. Тадқиқотчии ягон соҳаи илм на фақат бо ҷамъ намудани фактҳо машғул мешавад, балки баъзан аз қиёс истифода бурда, алоқамандии ҳодисаҳои омӯхтаистодаашро муқаррар намуда, назарияи илмиро ба миён меорад.
Баъзан хулосае, ки бо ёрии қиёс пайдо мешавад, дар зарфи чандин вақтҳо ҳамчун дониши танҳо тахминӣ, эҳтимолӣ мемонад. Баъзан хулосаи қиёс ҳамчун асоси тадқиқоти оянда — фарзия ба кор бурда шуда, ба воситаи фактҳо ва хулосабарориҳо исбот карда мешавад, бинобар ин, ба назарияи илмӣ табдил меёбад. Аз ин сабаб хулосаи қиёс барои тадқиқоти илмӣ роли хеле муҳимро мебозад, зеро ин гуна хулосаҳо ҳамчун асоси аввалини тадқиқоти оянда хизмат мекунанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё