Мантиқ

Китоби дарсии мазкур ба омӯзиши илми мантиқ ва масъалаҳои марбут ба он бахшида шудааст. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 192 саҳифа
БОБИ Х
ИСБОТ ВА ИНКОР
§ 1. МАФҲУМИ ИСБОТ
Чи навъе ки маълум аст, илм — системаи муайяни алоқамандии донишҳо мебошад. Ин алоқамандии донишҳои илмиро бевосита дидан мумкин нест. Агар ҳақ будани ҳар як дониши илмӣ аён мебуд, он гоҳ илм исботро талаб намекард.
Дар ҳақиқат ҳақ будани бисёр донишҳои илмӣ аён набуда, балки дар тадқиқи алоқаи байни ин дониш ва донише, ки вайро асоснок менамояд, муқаррар карда мешавад. Танҳо як қисми донишҳои илмӣ исботро талаб намекунанд. Ин гуна донишҳо аксиома ном доранд. Масалан, ба адади баробар ададҳои баробар илова карда шавад, ададҳои баробар низ ба миён меояд.
Аксиомаҳо на ин ки барои ҳақиқатҳои аёнӣ буданашон исботро талаб намекунанд. Аксиомаҳо ҳақиқатҳои тамоман бешубҳа намебошанд, балки чунин ҳақиқатҳое мебошанд, ки дар ҳудуди фанни мазкур исботро талаб менамоянд ва ҳақиқат буроянд, муайян карда шуда, бо амалиёт исбот мешавад. Ин гуна донишҳо дар зарфи ҳазорҳо сол дар амалия ва таҷриба санҷида шуданашон номи аксиомаро гирифтаанд.
Аксиомаҳо як қисми хурдтарини илмро ташкил медиҳанд. Ҳақиқат будани қисми бисёри донишҳои илмӣ бевосита дида нашуда, балки ба воситаи исботкунӣ муқаррар карда мешавад.
Бинобар ин, исбот шарти муҳими тафаккури илмӣ, шарти зарурӣ ҳар навъ далелҳои илмӣ мебошад. Фикри беасос фикри ғайрилмӣ мебошад. Ҳар гуна далели илмӣ ё муҳокима дониши илмӣ шуда метавонад.
Исбот шарти зарурии тамоми илмҳо мебошад. Ҳар як фикри ҷамъиятшинос, ки он масъалаҳои муҳимтарини ҳаёти ҷамъиятиро дар бар мегирад, бояд асоснок бошад.
Аз ин сабаб эҷодкорони марксизм-ленинизм ҳамеша дар асарҳои худ донишҳои навро на танҳо кашф, балки онро чун донишҳои нав исбот ҳам кардаанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё