Зеҳн
Мантиқ

Китоби дарсии мазкур ба омӯзиши илми мантиқ ва масъалаҳои марбут ба он бахшида шудааст. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 192 саҳифа

ИлмТаҳсилот
Аз аввал хондан

Бинобар ин мантиқӣ будани тафаккур дар асоснокии он зоҳир шуда, баръакс, бемантиқӣ ва ғайриилмӣ будани тафаккур дар беасосӣ, бедалелӣ, исботнашавандагии он зоҳир мегардад. Аз ин рӯ, исбот қисми муҳими илми мантиқро ташкил медиҳад.

Исботи мантиқӣ — ҳақиқат будани ягон муҳокимаро ба воситаи дигар муҳокимаҳо, донишҳо, фикрҳое, ки ҳақиқат буданашон бешубҳа аст, муқаррар мекунад.

Дар вақти исбот муҳокимае, ки хоҳем ҳақ будани онро муайян намоем, аз дигар муҳокимаҳое, ки ба ҳақ буданашон шубҳае нест, бароварда мешавад.

Шакли исбот хулосабарорӣ мебошад. Исбот ба воситаи хулосабарорӣ ба амал меояд. Аз хулосабарорие, ки дар вай муқаддимаҳояшон ҳақанд ва ин муқаддимаҳо мувофиқи қонунҳои мантиқӣ ба ҳам алоқаманданд, на фақат хулосаи ҳақ бароварда мешавад, балки он хулоса ҳамчун дониши ҳақ исбот мешавад.

Бо мақсади исбот ҳамаи навъҳои хулосабарорӣ — хулосабарориҳои дедуктивӣ ва индуктивӣ ба кор бурда мешаванд. Вале исбот аз хулосабарории муқаррарӣ фарқ дорад. Исбот, одатан дар шакли оддии хулосабарорӣ нест, балки дар шакли мураккаби хулосабарориҳо ба миён меояд. Ҳамин гуна вобастагиҳои хулосабарорие, ки дорои як хел сохти мантиқӣ мебошанд, исбот ном доранд. Барои мисол исботкунии алоҳидаи зериро таҳлил мекунем.

Агар Республики Демократии Булғория давлати сулҳдӯст гӯем. Барои исбот кардани ин муҳокима гуфта мешавад, ки Республикаи Демократии Булғория давлати социалистӣ аст, ҳамаи давлатҳои социалистӣ бошанд, сулҳдӯстанд. Ва ё мисоли дигар: агар ин шахс сарҳадчии диловари Иттифоқи Советӣ гӯем, барои исботи ин фикр гуфта мешавад, ки ин шахс доимо ҳушёрона сарҳадди Иттифоқи Советиро посбонӣ карда, борҳо вайронкунандагони сарҳадди мамлакатамонро даст гирифта буд ва барои ин корҳои ҷсуронааш бо орден ва медаЛҲОИ Иттифоқи Советӣ мукофотонида шудааст. Ё агар гӯем, ки ин калима дар ин ҷумла мубтадои грамматикӣ мебошад, барои исботи ин фикр изҳор менамоем, ки ин калима дар ҷумла ба саволи кӣ? ҷавоб медиҳад; ҳар калимаи ки дар ҷумла ба саволҳои кӣ? ва чӣ? ҷавоб медиҳад, мубтадои грамматикӣ мебошад.

Аз мисолҳои дар боло зикршуда, маълум мегардад, ки исбот бо қонуни асоси басанда алоқаи мустаҳкам дорад. Мувофиқи қонуни асоси басанда ҳар як фикре, ки асоси басанда дорад, фикри ҳақ мебошад. Нишон додани асоси басандаи муҳокима барои муқаррар кардани ҳақ будани он, исбот номида мешавад.

пешина
аз 192
навбатӣ