Мантиқ

Китоби дарсии мазкур ба омӯзиши илми мантиқ ва масъалаҳои марбут ба он бахшида шудааст. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 192 саҳифа
§ 2. ТАРКИБИ ИСБОТ
Дар ҳар як исбот, қатъи назар аз он ки кадом фикр, дар вай исбот карда мешавад, таркибан ба се қисм тақсим мешавад: 1. Тезис. 2. Асоси исбот (далелҳо) ва 3. Тарзи исбот.
Тезиси исбот
Муҳокима, гуфторе, ки ҳақ (ё дурӯғ) будани вай ба воситаи исбот муайян карда мешавад, тезис ном дорад. Ҳақ будани тезиси исбот шудаистода равшан набуда, бо ёрии исбот муқаррар мегардад. Дар илм ҳар як фикр, қатъи назар аз аёнӣ ё ноаёжнаш исбот карда мешавад. Масалан, қаламро ба як стакани пур аз об андозем, ба назари мо қалам дар даруни об гӯё каҷ менамояд, вале дар ҳақиқат қалам каҷ нест. Агар дар миёни роҳе, ки аз ду тараф қаторҳои дарахтҳо мавҷуданд, истода ба дур нигоҳ кунем, дарахтҳое, ки дар назди мо мутавозианд ва аз дур ба назар чунин менамоянд, ки ба якдигар расида истодаанд. Вале аз дур ҳам ин қаторҳои дарахтҳо мутавозианд.
Азбаски фикри аёни моро баъзан фиреб медиҳад, дар илм танҳо ба аёнии дониш бовар намекунанд. Дониши ноаён исбот карда мешавад, зеро вай ноаён аст, вале дониши аёнӣ бо исбот санҷида мешавад.
Ҳақ ё дурӯғ будани тезис ба воситаи исбот санҷида мешавад.
Исботе, ки ба воситаи он ҳақ будани тезис муқаррар карда мешавад, исботи оддӣ ном дорад. Исботе, ки бо ёрии он дурӯғ будани тезис муайян карда мешавад, инкор ном дорад. Агар дурӯғ ва ғалат будани тезиси муайяне ошкор карда шавад, он инкори ҳамон тезис мешавад.
Исбот дар ҳамон маврид бенуқсон мешавад, ки дар натиҷаи он ҳақ будани тезиси исбот шудаистода (ё дурӯғ будани тезиси радшаванда) муайян карда шавад.
Исботе, ки ин гуна натиҷа намедиҳад, исботи хато ё ноаниқ мебошад.
Тезиси исботшаванда аслан ҳақиқат бошад, яъне ба воқеият мувофиқ ояд, исбот ҳам бомуваффақият ба анҷом мерасад. Он чизеро бомуваффақият исбот кардан мумкин аст, ки вай аслан ҳақиқат аст ва дурӯғ будани он чизеро, ки он аслан дурӯғ аст, исбот кардан имконпазир аст.
Бинобар ин, якумин шарти бомуваффақият ба анҷом расондани исбот аслан ҳақиқат будан ва дар инкор аслан дурӯғ будани тезис аст.
Агар тезис аслан дурӯғ бошад, ҳарчанд саъю кӯшиш намоем ҳам, ҳақ будани вайро муқаррар кардан мумкин нест. Инчунин агар тезис аслан ҳақиқат бошад, бо ҳеҷ як кӯшиш ва роҳе

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё