Зеҳн
Мантиқ

Китоби дарсии мазкур ба омӯзиши илми мантиқ ва масъалаҳои марбут ба он бахшида шудааст. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 192 саҳифа

ИлмТаҳсилот
Аз аввал хондан

дурӯғ будани вайро исбот кардан мумкин нест. Фикри асоснок ва ҳақиқатро рад кардан мумкин нест. Мисоли равшани ин шикаст хӯрдани идеологҳои синфи буржуазия мебошад, ки онҳо мехостанд марксизмро инкор намоянд. Дар бораи ин гуна шахсон В. И. Ленин навишта буд, ки «Чандӣ солҳо боз олимон ва олимпияни Европа бодабдаба изҳор мекунанд (ва газетачӣю журналистон такрор ва нақл мекунанд), ки «танқид» аллакай марксизмро аз мавқеаш зада ғалтондааст ва бо вуҷуди ин ҳар як танқидчин нав бо роҳи тирборон кардани ин мавқеи гӯё харобшуда, боз аз сари нав ба кор шурӯъ мекунад»1.

Асоси исбот (далелҳо)

Дар вақти исботкунӣ ҳақ ё дурӯғ будани тезиси муайян аз муҳокимаҳои муайян сар мезанад.

Он донишҳо, муҳокимаҳое, ки дар вақти исбот ба асос гирифта мешавад ва аз онҳо ҳақ будани тезиси исбот кардаистода мебарояд, асосҳо ё ки далелҳои исбот ном доранд.

Ҳамчун асоси (далелҳои) исбот донишҳои гуногун ба кор бурда мешаванд. Ба сифати асоси исботкунӣ: а) донишҳо дар бораи фактҳои алоҳидаи санҷидашуда; б) таърифи мафҳумҳо; в) аксиомаҳо; г) донишҳои аз ин пеш исботшудан фанни мазкур ё ки теоремаҳо, ба кор бурда мешаванд.

а) донишҳо дар бораи фактҳои алоҳидаи санҷидашуда ҳамчун асоси исбот. Дар процесси исботи тезис ба сифати асос донишҳо дар бораи фактҳои алоҳидаи санҷидашуда ба кор бурда мешаванд. Муҳокимаҳо дар бораи фактҳои алоҳидаи санҷидашуда яке аз муҳимтарин навъҳои асос ба шумор мераванд.

Донишҳои мо дар бораи натиҷаҳои таҷриба, эксперимент, мушоҳидакунӣ, донишҳо оид ба факт, воқеаҳои алоҳида, оид ба предмет ва ҳодисаҳои алоҳида, оид ба дастнавис, ёдгорӣ, ёддоштҳо ва ғайра ҳамчун донишҳо дар бораи фактҳои санҷидашуда мебошанд. Ҳақ будани муҳокимаҳо оид ба фактҳо ба воситаи органҳои ҳиссиёт муайян карда мешавад. Маълум аст, ки дар баъзе мавридҳо органҳои ҳиссиёт воқеаитро нодуруст инъикос менамоянд. Аммо бо ин аҳамияти муҳокимаҳо оид ба фактҳо инкор карда намешавад. Амалия барои факти ҳақро аз факти ғалат ҷудо карда гирифтан имконият медиҳад. Барои ошкор намудани фактҳои ғалат ва санҷида, дониста гирифтани фактҳо фаъолияти амалии инсон ёрӣ мерасонад.

Дар аксар мавридҳо дар вақти бо асос исбот кардани ягон тезис нишон дода мешавад, ки ҳамин тезис ҳамчун натиҷа аз донишҳо оид ба фактҳои санҷидашуда ҳатман сар мезанад. Барои ҳақ будани донишҳои чунин илмҳо: химия, физика, таърих,

1 В. И. Ленин. Асарҳо, ҷилди 5, саҳ. 103.

пешина
аз 192
навбатӣ