Мантиқ

Китоби дарсии мазкур ба омӯзиши илми мантиқ ва масъалаҳои марбут ба он бахшида шудааст. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 192 саҳифа
адабиёт, ҳуқуқшиносӣ ва ғайра, муҳокимаҳо оид ба фактҳои санҷидашуда, аҳамияти хеле калон доранд. Мутафаккирони машҳури ҷаҳон барои исбот хеле аҳамиятнок будани муҳокимаҳоро ба фактҳои санҷидашударо борҳо таъкид намуданд. Олими бузурги советӣ академик Павлов ба ҷавонони советӣ муроҷиат намуда гуфта буд, ки донишҳо дар бораи фактҳо асоси беҳтарини илмӣ мебошанд. «Қаноти парранда чӣ қадаре ки мукаммал набошад, — навишта буд академик Павлов, — вай ба ҳаво такя накарда, ба боло парида наметавонист. Фактҳо барои олим ҳамчун ҳаво заруранд, бе вай шумо парида наметавонед. Бе факт назарияҳои шумо зӯрзании бенатиҷа аст»1.
Барои исботи ҳуқуқшиносо муҳокимаҳо оид ба фактҳои алоҳидаи санҷидашуда хеле аҳамияти калон дорад. Дар процесси суд исботи ин ё он қарори суд чунин анҷом меёбад: вазифаи асосии суд ба таври қатъӣ муқаррар намудани фактҳое ки ба воқеаи тафтиш кардаистода дахлдор аст ва бо ёрии ин фактҳо муносибати ин ё он шахсро (дар процесси ҷиноятӣ айбдорро ва дар процесси гражданӣ даъвогар ё ҷавобдиҳандаро) ба воқеаи мазкур муқаррар намудан, ба ин фактҳо аз нуқтаи назари талабот ва принсипҳои ҳуқуқи моддӣ баҳо додан, дар процесси ҷиноятӣ бошад, ғайр аз ин ба ҳаракат, кори айбдор аз нуқтаи назари ба ҷамъият то чӣ дараҷа хавфнокии он баҳо додан ва мувофиқи ҳамин ба вай ягон хел чораи ҷазодиҳиро татбиқ намудан иборат аст. Бинобар ин, муҳокимаҳо оид ба фактҳои санҷидашуда ҳамчун асоси исбот дар амалиёти суд васеъ ба кор бурда мешаванд.
В. И. Ленин навишта буд, ки муҳокимаҳо, донишҳои фактии санҷидашудаи бешубҳа — бар хилофи ҷумлаҳои маъмул ва борнаркунониҳо тезиси асоснок намудаистодаро равшан исбот менамоянд.
«Фактҳо — чизи қайсар, — мегӯяд зарбулмасали англисӣ. Фактҳои аниқи бешубҳа, ки бо алоқамандии ҳамдигар гирифта мешаванд на танҳо «қайсар», балки бешубҳа чизи исботкунанда низ мебошанд», — таъкид намуда буд В. И. Ленин.
Ҳамин тариқ, дониш, муҳокимаҳо дар бораи фактҳои санҷидашуда ҳамчун асоси мантиқии исбот хизмат мекунад.
б) Таърифи мафҳум ҳамчун асоси исбот. Ба сифати асоси исбот на фақат муҳокимаҳо оид ба фактҳои алоҳидаи санҷидашуда, балки таърифи мафҳумҳои асосии илми мазкур ҳам ба кор бурда мешаванд. Дар илмҳои назарий, мисли математика, геометрия, физикаи назарий, иқтисоди сиёсӣ ва ғайра таърифи мафҳумҳо асоси тадқиқотро ташкил медиҳанд. Аммо дар ҳар як илм мафҳумҳо ҳам вомехӯранд, ки аз онҳо исбот сар нашуда, балки анҷом меёбад. Ҳамин гуна таърифҳои мафҳум низ ҳамчун асос ба кор бурда мешаванд. Лекин пеш аз он
1 И. П. Павлов. Асарҳо, ҷилди 1, саҳ. 27.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё