Зеҳн
Мантиқ

Китоби дарсии мазкур ба омӯзиши илми мантиқ ва масъалаҳои марбут ба он бахшида шудааст. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 192 саҳифа

ИлмТаҳсилот
Аз аввал хондан

ки ин гуна таърифҳо ҳамчун асос ба кор бурда шаванд, бояд онҳо исбот карда шаванд.

Дар рафти тадқиқот ҳар як муҳокимаро дар он мавриде ки вай ба таърифҳои дар илми мазкур қабулшуда зид набошад, онро чун дониши ҳақ эътироф намудан лозим аст.

Мафҳумҳои асосӣ, ки илми мазкур дар бар мегирад, таърифи аниқ надошта бошанд, ин илм таълимот, муҳокимаҳои худро исбот карда наметавонад. Масалан, агар дар илми забоншиносӣ мафҳумҳои асосии фани мазкур: «фонема», «калима», «ҷумла», «ҳиссаи нутқ», «исм», «феъл» ва заказо таъриф нашуда бошанд, он гоҳ ин фан таълимоти худро исбот карда наметавонад. Дар илми иқтисоди сиёсӣ қариб исботи ҳамаи донишҳое, ки ин фан дар бар мегирад, ба таърифи мафҳумҳои «истеҳсолот», «қувваҳои истеҳсолкунанда», «муносибатҳои истеҳсолӣ», «капитал», «мол», «пул», «арзиши мубодила», «арзиши иловагӣ», «кредит» ва ғайра асос ёфтааст.

Таърифҳои мафҳум, ки ҳақ будани онҳоро таҷриба, фаъолияти амалии ҷамъиятии инсон муқаррар намудааст, ҳамчун асоси исботкунӣ амал карда, аз онҳо ҳатман ҳақ будани тезиси исботшаванда ҳосил мегардад.

в) Аксиомаҳо ҳамчун асоси исбот. Ғайр аз фактҳои санҷидашуда ва таърифи мафҳумҳои асосӣ ниҳоят дар як қатор илмҳо, аз ҷумла илми математика ҳамчун асоси исбот аксиомаҳоро ба кор мебарем.

Муҳокимаҳое, ки дар ҳудуди фанни мазкур ҳамчун дониши ҳақ ва исботталабикунанда ба шумор мераванд, аксиомаҳо ном доранд. Ба аксиома гуфтори зери мисол шуда метавонад: «аз байни ду хел нукта як ва танҳо як хати рост мегузарад». Ба воситаи ин аксиома теоремаи «ду хати рост танҳо дорои як нуктаи умумист», исбот карда мешавад. Фарз кунем, ки гуфтори «ду хати рост танҳо дорои як нуктаи умумист» дурӯғ аст ва тахмин мекунем, ки ду хел хати рост аз байни ду хел нуктаҳои P ва B мегузаранд. Дар ин маврид аз байни ду хел нуктаҳои P ва B ду хел хати ростро гузаронидан мумкин аст. Агар гуфтори мазкур ҳақ бошад, пас, аксиомае, ки «аз байни ду хел нукта як ва танҳо як хати рост мегузарад» мегӯяд, дурӯғ мешавад, ки ин имконнопазир аст. Бинобар ин теоремаро рад кардан — ба аксиомаи мазкур зид мебарояд ва бо ҳамин теорема ба миёнгузошта исбот карда мешавад.

Аксиомаҳо, ҳамчун асоси исботкуниҳои математикӣ дар ҳудуди фанни мазкур исботро талаб намекунанд. Вале ин ҳаргиз чунин маъно надорад, ки онҳо ҳамчун асос ва принципҳои илмҳои математикӣ умуман исбот нашудаанд. Аксиомаҳо ҳамчун асоси исбот бе исбот, танҳо бо боварӣ кардан қабул карда нашудаанд. Ҳақиқат будани аксиомаҳои математика, ки асоси исботро ташкил медиҳанд, на ҳамеша санҷишу исботро талаб мекунанд,

пешина
аз 192
навбатӣ